БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЛОМАТӢ НЕЪМАТИ БЕБАҲОСТ

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус бо усули “хона ба хона” ба сокинони кӯча, маҳалла ва деҳаҳои ноҳия пайваста суҳбатҳо доир  менамоянд.

Чунин суҳбати судманд бо усули “хона хона” бо сокинони деҳаи  Сафедшаҳраки   Ҷамоати ба номи Лоҳутӣ   гузаронида шуд, ки дар он бештар аз 78 нафар соҳибхонаҳо  иштирок намуданд.  Дар баромади таблиғотчиён қайд гардид, ки бо  паст шудани шиддати бемории Ковид -19  мардум нисбати саломатии худ бепарвоӣ зоҳир намуда, дар кӯчаю бозор ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бе ниқоби муҳофизатӣ гашту гузор намуда, тавсияи мутахассисонро  риоя наменамоянд.

Ба соҳибхонаҳо фаҳмонида шуд, ки саломатӣ неъмати бебаҳост  ва сарчашмаи он   риояи талаботҳои беҳдоштӣ  мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg