БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРОНАВИРУСРО ҶИДДӢ БОЯД ГИРИФТ!

ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Имрӯзҳо дар тамоми воситаҳои ахбори омма барои пешгирӣ аз коронавирус маслиҳату пешниҳодҳо аз ҷониби мутахассисони соҳаи  танадурстӣ  ба шаҳрвандон пешниҳод карда мешавад.

Дар ин мавзӯъ кормандони Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон  чунин чорабиниҳои таблиғотиро вобаста ба пешгирии  мавҷи дуюми бемории  коронавирус бо усули “хона ба хона”  дар маҳаллаи Ғаллаобод баргузор карданд, ки  аз ин чорабинии ҳизбӣ  сокинон дар бораи  бемории   ҳамагир ба худ маълумоти бештар пайдо намуданд. Инчунин, ҳангоми тақсимоти варақаҳои иттилоотӣ, маводҳои антисептикӣ ва  ниқобҳои тиббӣ шаҳрвандон таъкид   гардиданд, ки коронавирусро  дар фасли тирамоҳ  ҷиддӣ бояд гирифт ва нисбати ин бемории хатарнок  чораҳои зарурӣ андешида, бояд аз қоидаҳои беҳдоштӣ пайваста истифода баранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg