БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ МАВҶИ ДУЮМИ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС СОКИНОН ОГОҲОНИДА ШУДАНД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус бо усули “хона ба хона” бо сокинони кӯча, маҳалла ва деҳаҳои ноҳия пайваста суҳбатҳо доир менамоянд.

Чунин суҳбати судманд бо усули “хона ба хона” бо сокинони маҳаллаи ба номи Рустами Холалии Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук гузаронида шуд. Дар баромади таблиғотчиён қайд гардид, ки бо паст шудани шиддати бемории COVID-19 мардум нисбати саломатии худ бепарвоӣ зоҳир намуда, дар кӯчаю бозор ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бе ниқоби муҳофизатӣ гаштугузор менамоянд, ки ин бепарвогӣ боиси сироятёбӣ аз мавҷи дуюми коронавирус мегардад.

Инчунин, дар идомаи суҳбат масъулин бо даст ва оғӯш кашида салом накардан, ҳангоми суҳбат масофаи байни якдигарро нигоҳ доштанро тавсия доданд. Ба соҳибхонаҳо фаҳмонида шуд, ки сарчашмаи саломатӣ ин риояи талаботҳои беҳдоштӣ мебошад ва онро бояд қатъӣ риоя намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg