БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО - ҶАВОНОН АЗ ПЕШВОИ ХУД ИФТИХОР ДОРЕМ

АНДЕША. Чигунае,ки ба ҳамагон маълум аст, хизмати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки истиқлолият, Ваҳдати миллӣ, сулҳу дӯстӣ дар Тоҷикистони азизамон пойдор гардида, кишвари моро дар ҷаҳон бо номи “тоҷик” машҳур гардонид.

Пешвои муаззами мо тамоми маҳорат, малака, донишу таҷриба ва асос ҷони худро барои фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии арзандаи мардуми тоҷик фидо намудаанд. Мо ҳар як амалу меҳнати Пешвои худро қадр намуда, ҷавобан мебояд пайрав ва давомдиҳандаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат бошем. Ҳангоми мулоқотҳо бо ҷавонон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш,  доимо таъкид месозанд, ки “Ҷавонон бояд созанда бошанд”. Ин гуфтаҳо як навъ муроҷиатанд  ба ҳамаи он ҷавононе, ки ҳифзи Ватан- Модар барояшон муқаддас аст, ҳисси баланди миллӣ доранд, худогоҳ ҳастанду муқаддасоти Тоҷикистонро чун гавҳараки чашм эҳтиёт менамоянд.

Аз ин рӯ, иродаи мустаҳкам ҳушёрии сиёсӣ ва хираду заковат аз ҷумлаи омилҳое мебошанд,ки роҳи душманию бесомониро пешгирӣ мекунанд. Насли ҷавон ояндаи давлату миллат бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри пешрафти Ватани азизамон саҳмгузор бошанд. Бо дарки ин маънӣ ба кулли сокинони Ватани азизамон муроҷиат намуда, гуфтаниам бо шукргузорӣ аз ҳамин гуна дӯстию бародарӣ, сулҳу суботи комил баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, бо ҳисси масъулияти бузурги ватандорӣ дар ҳама маврид омода ва пешсафи тамоми кор бошем.

Ман ҳамчун ҷавон боварии комил дарам, ки ҷавонони имрӯза ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, ба фиребу найрангҳои касоне,ки мақсади ноором сохтани Ватани азизамонро доранд, бовар намекунанд. То вақте,ки дунё пойбарҷост  қаҳрамониҳои Пешвои миллат фаромӯш шуданӣ нест чун, ки ба ҳамагон маълум аст, ки ҷанги шаҳрвандие, ки дар Тоҷикистон рух дода буд,агар қаҳрамонӣ ва ҷонфидоии Пешвои миллат намебуд, имрӯз мо на Ватан доштему на миллат, давлатамон пора-пара мегашту миллати пуршарафи тоҷик парешони дунё ин ҳама талошу ҷонфидоии абармарди ватандӯсту  милллатдӯст буд, ки мо имрӯз Ватани зебою обод чун Тоҷикистони азиз дорем.

Ҷумаев Алиҷон, мудири шуъбаи таблиғот,  иттилоот  ва  матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён                                                                 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg