ШАҲРИТУЗ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии маҳаллаи “Истиқлол” дар кӯчаҳои ба номи Неъмат Бухориев, Зебунисо ва Ҳамро Бобоев бо аҳолӣ бо усули “хона ба хона” вохӯрию суҳбатҳо оид ба пешгирӣ аз бемории сироятии (COVID - 19) ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ бо мақсади пешгирӣ аз касалии сироятии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ба онҳо муроҷиатномаи ҲХДТ-ро супориданд.