Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ҷиҳати ба сокинон фаҳмонидани роҳҳои пешгирии бемории каронавирус, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигию кишоварзӣ дар деҳаи Рӯзиободи Ҷамоати деҳоти Фирӯза бо усули «хона ба хона» вохӯриҳо баргузор намуда, сокинонро таъкид карданд, ки қоидаҳои беҳдоштиро дар хонадонашон риоя намоянд, ҳангоми зарурати ба кӯча баромадан ҳатман ниқоби тиббӣ дошта бошанд. Барои огоҳ шудан ба онҳо варақаҳои тавсиявӣ ва муроҷиатномаи ҳизбиро тақсим намуданд.
Ҳамчунин, ба сокинон ҷиҳати истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ, кишт ва захираи дусолаи маҳсулоти кишоварзиро дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир ва ташкили кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ фаҳмонида, қайд карданд, ки дурусту оқилона истифода бурдани замин кафили беҳдошти зиндагист.