БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОМИЛҲОЕ, КИ МО - ТОҶИКОНРО БА ВАҲДАТ ОВАРД

АНДЕША. Таърихи дуру дарози инсоният борҳо собит намудааст, ки мизони бахту саодат, иқболу шуҳрат ва нусрату нишоти олам дар ҳаёту зиндагӣ дар сулҳу ваҳдати сокинони он аст. Вале мутаассифона солҳои 90-уми асри 20 бо сабабҳои пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ, мизони идораи давлату давлатдорӣ ба нуқсонҳои шадид мубтало шуда, муддате фазои сиёсии иктисодӣ   ва фарҳанги собиқ ҷумҳуриҳои бародари Шӯравиро абрҳои тираи бесарусомониҳою бетартибиҳо фаро гирифта буданд.                                                                                     

Дар натиҷа, сарзамини ҳамешабаҳору офтобии Точикистонро абрҳои тираю сиёҳи фалокату ҷаҳолат фаро гирифта, бар асари ошубҳою моҷароҳои бемантиқи хасму зиёновари зиёд садҳо хонаву манзил, иншоотҳои обод вайрону валангор гашта, одамони зиёде куштаву қурбон шуданд.

Парокандагии миллӣ, ҷудоихоҳӣ ба маҳалу гурӯҳҳо ва паси сангари муқобил пайи қасди ҷони ягдигар қарор гирифтани тоҷикон, ки акнун иститклолият насибашон гашта буд, воқеан даҳшат ва хатари азим  буд. Такдир ва сарнавишти миллати тоҷик дар солхои 1992-1994 чун «ашки сари мижгон» дар вазъи ҳассосе қарор дошт.

Ваҳшонияти ин рӯйдоди нобасомон, ки доғе ба қалби ҳар пиру ҷавон ҷо намуда, ба хар хонадоне осори ғаму андӯҳ ниҳода буд, дар шеърҳои Мӯъмин Қаноат чунин тасвир шудааст:  

                            Чунин расми беназмро кас надид,   

                            Ва тасвири онро набояд кашид.      

                            Зи тифлони гавҳора то пири кор,   

                            Бишуд сайди ин ҷангу тири шикор.

Чун тулӯи офтобе, ки баъди чанд рӯзи боронҳои пай дар пай синаи абрҳоро шикофта берун мешавад, моҳи ноябри соли 1994 роҳбарии давлати тоҷикон ба уҳдаи шахсе вогузор гардид, ки нахустин суханаш: «Ман кори худро аз сулҳ сар мекунам!» буд.

Дар вокеъ, ин шахси ватандӯсту матинирода тавонист орзуву омоли деринтизори тоҷиконро ҷомаи амал пӯшонад. Ӯ ин миллати парокандаву парешон ва ноогоҳро аз мақсадҳои нопоки чанд мансабхоҳ дар қасди ҷони бародари худ камон ба даст гирифтаро ба ваҳдату сарҷамъӣ даъват намуда, сулҳро дар давлати тоҷикон пойдор намуд. Маҳз бо шарофати саъю талош ва фидокорию каҳрамониҳои беназири давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон яъсу ноумедӣ аз ояндаи торики халқу Ватан барҳам хӯрд.

Дар Тоҷикистон баъди хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ, 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи истиқрори сулҳ ба имзо расид ва мардумони кишвари соҳибистиклоли мо Ваҳдати миллиро соҳиб гаштанд.

Ваҳдат монанди ниҳоли ҳамешасабзест, ки бо умеду орзуҳои нек, ба хотири ояндаи дурахшони Ватан сарсабз гардида, дар дили мардуми Тоҷикистон шӯълаи меҳру муҳаббат, вафодорию бародариро боз ҳам  устувортару фузунтар менамояд. Аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумиии истиқрори сулҳ ва  ризоияти миллӣ дар таърихи сиёсии Тоҷикистон марҳилаи тоза, сифатан нав оғоз гардид.

Фаро расидани сулҳу субот, оромию осудагӣ ва қадамҳои нахустин дар роҳи Ваҳдати миллӣ ба роҳи таҳкими пояҳои устувору тавонои давлатдории Тоҷикистони ҷавони мо шароити боз ҳам беҳтару хубтар фароҳам омад.                                                                              

Ҷашни 23-солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ моро ба комёбиҳо ва дастовардҳои  боз ҳам баланди ояндаи дурахшони ҷумҳуриямон ҳидояту раҳнамоӣ мекунад.  Инак, ҳамин тавр 23 сол мешавад, Тоҷикистон, Ватани азизу маҳбуби мо зери парчами сулҳу субот, ягонагиву якдигарфахмӣ, сӯи фардои неку дурахшон қадам мегузораду муваффаққиятҳои нав ба навро мардум ноил мегарданд. Албатта, 23 сол назди таърих муддати он қадар тӯлонӣ нест, вале дар ин давраи кӯтоҳ ҳам мардуми меҳнатқарини соҳибзафари Тоҷикистон тавонист, аз қалби хеш кинаву қудрат, хашму адовати нотавонбиниро дур созаду ҷои онро бо меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат пур намояд. Дар ин раванд, ҳамаи он пешравиҳою дастовардҳо, нишоту комёбиҳо, ҳамаи он омилҳое, ки боиси ифтихори миллати мо, шуҳрату шафқати мо тоҷикон гаштааст, ҳамаи он омилҳоро аз шарофату баракати файзу нусрати Ваҳдат дониста, шоире дар ин хусус хеле хуб гуфтааст:

                            Парчами пирӯзии мо, олами хушрӯзии мо,

                            Ризки мову рӯзии мо-ваҳдати мо, ваҳдати мо.

                            Ханда дар лабҳои тифлон, модаронро бахти тобон,

                            Ҷумларо осоиши ҷон-ваҳдати мо, ваҳдати мо.

Одиназода Ҳуснигул,  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg