Ш.ШОҲИН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Сангунели ҷамоати деҳоти Даштиҷуми ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Назарзода Толибҷон ва кормандони масъули Кумитаи иҷроия бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимнан Назарзода Толибҷон доир ба мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи умумиҷаҳонӣ дар мавзӯъи “Пешгирии терроризму экстремизми хушунатомез” суханронӣ намуда, қайд кард, ки мақсад аз баргузории конфронс таъмини муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ, амнияти устувор баҳри пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир мебошад. Моро зарур аст сиёсати имрӯзаи Пешвои миллатро якдилона ҷонибдорӣ карда, барои пешгирӣ аз воридшавшии хатарҳои террористиву ифротгароӣ дастаҷамъона мубориза барем ва нагузорем ҳар нохалафе бо рафтори муғризонаи худ фазои тинҷу ороми кишвари моро ноором созад.
Инчунин, дар ин росто бо мақсади тақвият бахшидани робита бо маҳал аз ҷониби масъулин самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, муқовимат бар зидди коррупсия ва амалҳои номатлуби ҷомеа, риояи қонунҳои миллӣ, аҳамияти ҷидди зоҳир намудани волидайн дар тарбияи насли наврасу ҷавон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.