ШАҲРИТУЗ.Таҳти чунин унвон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Сохтори Госпиталии» ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз бо табибон, ки шумораи зиёди сафи аъзои ҲХДТ-ро соҳаи тандурустӣ ташкил медиҳад, суҳбати самимона баргузор гардида, дар он вобаста ба мулокоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муазамми ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 12 майи соли 2018 бо аҳли ҷамоатчигии ҷумҳурӣ баргузор гардид,ёдовар шуда, мардумро барои ободии Ватан ва дасти хайру сахо дароз намудан ба эҳтиёҷмандонро талқин карданд.
Ҳамчунин, дар вазъияти тантанавӣ ба аъзои нави ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуда, дар охир табибон изҳори миннатдорӣ ба Пешвои миллат карда, зикр намуданд имрӯз нисбати зан-модар эҳтироми баланд доранд ва мо низ дар навбати худ ваъда медиҳем, ки ҳамчун ворисони Синои бузург бо дилу нияти пок хизмати мардум ва барои пешрафти Тоҷикистони азизамон қарзи шаҳрвандии худро адо менамоем.