ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Барои расонидани маълумотҳои тиббӣ ба сокинони кӯчаи ба номи Ҳабибулло Файзуллои Ҷамоати шаҳраки Ховалинг ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг бо татбиқи Аксияи таблиғотии “хона ба хона” бо онҳо суҳбат намуданд.
Дар суҳбат таъкид гардид, ки талаботҳои беҳдоштӣ роҳи асоси сироят наёфтан ба ин беморӣ ва дигар бемориҳои сироятӣ мебошад.
Дар суҳбатҳои доирнамуда 89 нафар сокинон иштирок намуда, дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз ин беморӣ маълумоти зарурӣ пайдо карданд.