ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар суҳбатҳое, ки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дирӯз ба истиқоматкунандагони деҳаи Дараи Мухтори Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт гузарониданд, ҳозирин дар бораи буҳрони шадиди иқтисодию иҷтимоие, ки бо паҳншавии бемории сироятии коронавирус ҷаҳонро фаро гирифтааст, дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ оид ба ҳар чи бештар захира намудани маводи ғизоӣ маълумот пайдо намуданд.
Дар он рӯз таблиғотчиён шоҳиди меҳнати ҳалоли бештар аз 74 нафар бошандагони деҳа ҷиҳати рӯёнидани ҳосили баланд гардиданд.