МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод дар якҷоягӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар ташкилоти ибтидоии “ Деҳлоло”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Н.Назарови ноҳияи Муъминобод ҷиҳати пешгирии бемории сироятии COVID-19 вохӯрӣ бо сокинон доир намуданд.
Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Алишери Амрохон, сардори бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Раҷабов Абдулло вобаста ба пешгирии бемории мавҷи дуюми коронавирус ва истифодабарии заминҳо суханронӣ намуда, аз ҳамагон даъват ба амал оварданд, ки дар рӯзгори ҳаррӯзаашон аз маҳлулҳои антисептикӣ, ниқобҳои тиббӣ ва қоидаҳои беҳдоштӣ истифода баранд, то ин худ ва наздиконашонро аз ин беморӣ муҳофизат намоянд. Инчунин, дар идомаи суҳбат масъулин аз хизматиҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, афзуданд, ки хизматҳои Роҳбари давлат дар пешрафту ободии Ватан ва таъмини зиндагии босаодат барои мардуми тоҷик бесобиқа буда, моро зарур аст, ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо бо дасту дилу нияти пок баҳри боз ҳар рушд кардани Тоҷикистони азиз бо анҷоми корҳои бунёдкорона саҳмгузорӣ намоем.