БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ҚОИДАҲО БАРОИ САЛОМАТИИ ХУД ВА ҶОМЕА МУФИД МЕБОШАД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар Аксияи ҳизбии “хона ба хона”, ки аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар маҳаллаи Аҳмади Дониши Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук гузаронида шуд, бештар аз 70 нафар сокинони манзилҳо иштирок намуда, дар бораи роҳҳои пешгирии бемории коронавирус ба таври муфассал маълумот пайдо намуданд.

Масъулини ҳизбӣ дар баъзе хонаҳо тарзи шустани дастон, бо даст салом накарда, масофаро нигоҳ доштан, тарзи истифодаи даҳонбанд ва дигар роҳҳои пешгирӣ аз ин бемориро ба таври амалӣ нишон доданд, бори дигар таъкид сохтанд, ки қоидаҳои беҳдоштию санитариро ҷиддӣ риоя намоянд. Риояи ин қоидаҳо барои саломатии худ ва атрофиён хеле муфид мебошад.

Дар охир ба сокинон варақаҳои таблиғотӣ, ки дар он якчанд қоидаҳои бехатарии пешгирии беморӣ нишон дода шудааст,  тақсим карда шуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg