ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи пӯст” хониши сиёсӣ баргузор намуданд.
Дар хониши сиёсӣ намояндагони ҳизбӣ дар бораи пешгирии мавҷи дуюми бемории коронавирус, инчунин омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи пешаз интихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон андешаронӣ карда, вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоиро дар ин самт муайяну мушаххас карданд.
Дар идома кормандони фаъоли ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи пӯст” иброз намуданд, ки дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, қарзи шаҳрвандии худро адо менамоянд.