БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ САРЧАШМАИ ҲАМАИ ПЕШРАВИҲОСТ!

АНДЕША. Истиқлол калимаест, ки имрӯзҳо  вирди забони пиру ҷавони Тоҷикистони азиз зикр мегардад. Мафҳумҳои Истиқлолият мустақилӣ, соҳибихтиёрӣ, озодӣ ва комилҳуқуқии кишвар  буда, дар умум  ҳадяи Яздони пок  мебошад. Хушбахтона,  имрӯз мардуми шарафманди Тоҷикистони биҳиштосо аз он меболанд, ки ин ҳадяи Яздонӣ насибашон гардидааст. Бо шарофати ба даст овардани Истиқлолият, давлати ҷавонони мо тавонист худро  дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати  соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ  намояд. Истиқлолият барои  мо рамзи олии ватану ватандорӣ,  созандагӣ, азму талошҳои фидокорона расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Самараи неки Истиқлолият аст, ки Тоҷикистон бо як суръати кайҳонӣ рушд карда истодааст. Ободию  бунёдкорӣ, созандагию  пешрафти тамоми самтҳоро   метавон баръало мушоҳида кард. Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва ҳатто дар дурдасттарин деҳаҳои  кишвари азизамон  созандагию  буёдкорӣ  бо маром идома дорад, ки аз самараи неки Истиқлолият мебошад. Маҳз самараи неки истиқлолият аст, ки мо ҷавонон озодона таҳсили илм намуда,  соҳиби касбу ҳунар мегардем. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд.

Барои ҳифзи  ҳама арзишҳои миллӣ ва боз ҳам устувор намудани нуфузи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, ки албатта аз файзи сулҳу Ваҳдат аст, мо ҷавонон бояд дар пойдору таҳкими сулҳу ваҳдат саҳми арзандаи худро гузорем.

Худойдод Ёров, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш                                             

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg