ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар ташкилоти ибтидоии “Наврӯз” дар кӯчаҳои ба номи Мелиҷон Ҷӯраев, Исмоили Сомонӣ ва Ваҳдат миёни аҳолӣ бо усули “хона ба хона” вохӯрию суҳбатҳо вобаста ба пешгирӣ аз бемории сироятии (COVID - 19) ва риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ бо мақсади пешгирӣ аз касалии сироятии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ба онҳо муроҷиатномаи ҲХДТ-ро тақсим карданд. Инчунин, дар рафти тақсимоти маводҳои таблиғотӣ ба сокинон ҳушдор доданд, ки бо истифода аз маҳлулҳои антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ худро аз коронавирус муҳофизат намоянд.