БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУҲАММАДИҚБОЛИ ХОИН “СУХАН ОЗОД БУВАД” ГУФТА МАНОЗ...

ВОКУНИШ.  Мусаллам аст, ки мо дар шароити хеле мураккаби ҷомеаи ҷаҳон, ки таҳдиду хатарҳои замони муосир ба низоми устувори кишварҳо рӯз ба рӯз афзуда истодааст, қарор дорем. Вазъи ҷаҳони имрӯза бо дарназардошти таъсири паҳншавии пандемияи коронавирус, ҷой доштани мушкилоти геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ байни кишварҳо, ноустувории бозорҳои молиявӣ ва молу ашё ва паст шудани фаъолнокии иқтисодӣ, афзоиши сатҳи бекорӣ, инчунин, тағйирёбии иқлим мураккаб гардида, ба буҳрони бесобиқаи иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ оварда истодааст.

Маҳз ба ҳамагон маълум аст, ки дар натиҷаи паҳншавии бемории коронавирус  ва оқибатҳои номатлуби ин вабои аср, ҷаҳон ба буҳрони сиёсию  иқтисодӣ  ва иҷтимоӣ дучор шуда, ҳаёти мардум мушкил гардидааст. Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ накарда, ба ҳама душвориҳои ҷаҳонӣ, ки хоҳу нохоҳ ба иҷтисодиёти кишвар таъсири манфии худро расонида истодааст,  кӯшиш ба харҷ дода истодаанд,ки  халқи Тоҷикистонро аз ин буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ берун кашида, барои расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум амалӣ некеро анҷом диҳанд.

Танҳо кӯрдилу ҳасуде мисли Иқболи хоини миллату Ватан ва дигар наҳзатиҳои хиёнаткор заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарону мардуми меҳнаткаши кишварро  нодида гирифтаву  ин кӯрнамаку ҷоҳил, чоплусу хоини Ватан, номи миллати барӯманди тоҷикро доғдор  кардаву  ҳадафҳои ниҳоии хоҷаҳои хориҷиашонро таблиғ карда бегонапарастӣ мекунад.

Тоифаи мазкур аз роҳбарашон сар карда, то аъзои қаториашон ҳаққи муаррифии миллати тоҷикро дар ин қитъаи пешрафтаи олам надоранд.

Ҷаҳоннигарии  танги  динӣ, ҷаҳолату хурофотпарастии онҳо ба миллати шарафманди тоҷик ягон иртибот надорад. Мардуми сарбаланди тоҷики меҳани ҷоноҷонамон  ба ҳеҷ  ваҷҳ  намехоҳанд, ки   миллатамонро  ба василаи  ин  паноҳандаҳои  ифротӣ ба мисли Иқболи ҳасадбару иблис шиносанд. Эй Иқболи хоин;

«Сухан озод бувад» гуфта маноз,

Ончунон гӯй, ки  мотам нашавад.

Ҳама  бетамизиву низоъандозӣ, бегонапарастиву хоинӣ  дар  симои Иқболи хоин, ба ҳама аъзо ва тарафдорони ташкилоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ-террористӣ эълоншудаи Наҳзати исломӣ ҷо гирифтааст. Агар чунин набуд, онҳо  ҳамчун  дигар муҳоҷири муваққатии дар хориҷи кишвар буда, дар бунёди  садҳо иншоотҳои ҳаётан муҳим ё иншоотҳои хизматрасон, ки барои сокинони кишвар хизмат мекунад, саҳми арзанда мегузоштанд.

Аз таҳлилҳои сафарҳои кориаам,ки бо мақсади дидорбинӣ бо муҳоҷирони муваққатии корӣ дар бисёр шаҳрҳои Федератсияи Россия қарор доштам, эҳсос кардам, ки аксарияти онҳо танҳо як фикру андешаи солим доранд,ки ҳамеша дар Ватани азизамон- Тоҷикистон сулҳу амонӣ ҳукмфармо бошаду аз робита бо аъзо ва тарафдорони ташкилоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ-террористӣ эълоншудаи Наҳзати исломӣ дӯрӣ меҷӯянд. Бисёр тоҷикони  инсондӯсту ватандӯст  аз  ин  тоифа  безор  ҳастанду дар бисёр вохӯриву суҳбатҳо қотеъона ҳам изҳор доштанд, ки ҳама гуна баромадҳои зиддимиллии Кабириву Иқболи хоин, аъзо ва тарафдорони ташкилоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ-террористӣ эълоншудаи Наҳзати исломиро комилан маҳкум мекунанду ва муқобили як тӯдаи ифротгароён ҳастанд.

Шукрона, ки Тоҷикистон  дар  замони  истиқлолият  ва  хусусан  дар  солҳои охир, ки хатари  мавҷудияти  ТТЭ  ҲНИ  дар  дохили  кишвар  аз байн  бурда  шуд, тадриҷан  рушд  кардаву танҳо пешравиро мо имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаётан  муҳими  саноат, нақлиёт, энергетика, фарҳанг, маориф, тандурустӣ ва сохтмон мушоҳида мекунем.

Аз ин лиҳоз, ҳатман бояд мо ҳамммилатони азиз, дар куҷое набошем, чӣ дар дохилу чӣ дар хориҷи кишвар ҳадафҳои ниҳоии ТЭТ ҲНИ-ро садқаи номи ислому Тоҷикистонаш кунад, ҷиддӣ ва сахт маҳкумаш  намоему барои боз ҳам баландтар гардидани шаъну эътибори миллати худ ва аз ин ҳам ободу зебо шудани ҳар як гӯшаи Ватани ҷоноҷонамон содиқонаву софдилона сидқан хизмату меҳнат намоем.

Ҳамватанони азизу гиромиқадрам!  Агар мо хоҳем,ки Тоҷикистони маҳбуби мо мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам қавитар намояд, агар хоҳем,ки давлати кӯҳанбунёду миллати соҳибтамаддуни мо соҳиби обрӯву эътибораш аз ин ҳам бештар гардад, ба мақсади амалигардии орзуву ормони мо, ки ваҳдату ягонагӣ ва мақсаду мароми мо, ки ояндаи ободи давлату зиндагии шоистаи мардум аст, бояд роҳи интихоб намудаи Пешвои миллатамонро гиромӣ дошта, афзалиятҳои арзишҳои миллӣ ва умумидавлатиро эҳтиром намоем.

Маъракаи хело ҳам муҳиму сарнавиштсозу тақдирсозе, ки дар пеш истодааст, яъне санаи 11 октябри соли ҷорӣ, баргузории Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаст, овози ҳар як тоҷику тоҷикистонии бонангу номӯс, ки худро ватандӯст меҳисобад, ҳалкунанда буда, ба хотири ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон дареғ надорем, ба тарафдории фарзанди баору номуси миллат бояд овоз диҳем!

Муҳаммаддовуд Ҳалимов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg