БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мақсади ҲХДТ танҳо созандагию бунёдкорист

ҶАЙҲУН. Дар асоси нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ташкилоти ибтидоии «Тоҷиксуғурта»  дар мавзӯъи «ҲХДТ – ҳизби созандаю бунёдкор» бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Фарҳод Обидов ва дигар шахсони расмӣ маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар рафти маҷлиси доиргардида Фарҳод Обидов оид ба масъалаи болозикр муфассал суханронӣ намуда, қайд кард, ки ба ҳамагон маълум аст дар кишвари мо якчанд ҳизбҳои сиёсӣ фаъолият менамоянд ва дар байни мардум мавқеъ ва нуфузи ҲизбиХалқии Демократии Тоҷикистон бо сарварии Раиси муаззами он  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле баланд ва хоса мебошад.

Зеро мақсаду мароми ҲХДТ бо дархосту манфиатҳои мардум ҳамоҳанг буда,   дар татбиқи барномаҳои созандаи худ ҳамеша ба нерӯи зеҳнии халқ такя менамояд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавонист, ки на танҳо ба як нерӯи тавонои сиёсии ҷомеаи мо табдил ёбад, балки дар самти ташаккул ва инкишофи худ низоми сиёсии он, шаклгирии давлату давлатдорӣ, умуман фарҳанги сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон саҳми босазо гузорад.

Дар ҳамкорӣ бо дигар созмонҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ва ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои давлативу ҳукуматӣҲизби Халқии Демократии Тоҷикистон кӯшиш бар он дорад, ки дар кишвар як ҷомеаи навини бар усулҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронидашударо бунёд намояд. Дар фарҷоми маҷлис аҳли толор ба суолҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg