БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ГИРОМИДОШТИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ҲИФЗИ ДАСТОВАРДҲОИ ОН ШАРАФУ НОМУСИ ВАТАНДОРИСТ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои  миллӣ.   Дар ташкилоти ибтидоии "Истиқлол" бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун  вобаста ба самтҳои асосии фаъолият, муқоисакунии аъзои ҳизб ва дигар масъалаҳои ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Масъулин зимни баромад иброз доштанд, ки мардуми сарбаланди тоҷик бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи 29-соли соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои зиёде ноил гардидааст. Хушбахтона, имрӯз мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.

Гузашта аз ин масъулин қайд намуданд, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон барои мардуми тоҷик хушбахтиест, ки арзиши он беинтиҳост. Бо ин мақсад ҳар яки мо вазифадорем, ки ба хотири таҳкими Ваҳдати миллӣ, пойдориву устувории сулҳу осоиштагӣ дар Ватани азизамон-Тоҷикистон кӯшиш намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg