Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо мақсади пешгирӣ ва паҳншавии бемории коронавирус корҳои безараргардонӣ дар деҳаю маҳаллаҳо ҳамарӯза бомаром идома доранд.
Бо мақсади пешгирӣ аз сироятёбӣ ва хатару оқибатҳои бемории коронавирус дар ҳамкорӣ бо ихтиёриён (волонтёрҳо) дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ корҳои безараргардониро ба роҳ монда, биноҳои маъмурии ташкилоту муассисаҳои маркази ноҳия бо маҳлулҳои кимёвии гиплохлориди натрий безарар гардонида шуданд.
Инчунин, бо кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ оид ба пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус суҳбату вохӯриҳо баргузор намуда, фаҳмонида дода истодаанд, ки яке аз омилҳои асосии пешгирӣ аз ин корҳои безараргардонии ҷои кор ва макони зист, риояи қоидаҳои бехатарии беҳдошт, мунтазам шустани дастон бо собун ва ё маҳсулҳои спиртдор, истифодаи ниқоби тиббӣ ҳифзи солимии ҷомеа ба шумор меравад.