АНДЕША. Интихобот ифодаи иродаи олӣ ва бевоситаи ҳокимияти халқ ба ҳисоб рафта, халқи Тоҷикистон дар он мавкеи худро вобаста ба масъалаҳои муҳими идоракунии давлатӣ баён менамоянд.
Лозим ба ёдоварист, ки мардуми шарифи кишварамон дар даврони соҳибистиқлолӣ дар интихоботҳои президентӣ бо ҳисси баландӣ ватандӯстӣ фаъолона ширкат карда, ба хотири таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, Ваҳдати миллӣ, пешрафту ободии кишвар ва таъмини зиндагии шоиста ба ҷонибдории номзади арзанда овоз доданд.
Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии оддӣ набуда, дар ҳаёти ҷомеа нақш ва таъсири муҳим дорад. Дар ин маърака на танҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мегардад, балки роҳҳои рушди давлат ва ҷомеа дар ҳафт соли оянда низ пешбинӣ карда мешавад.
Пеш аз ҳама интихобот маъракаи сиёсиест, ки дар он халқ бояд тамоми имкониятҳоро барои дар интихобот иштирок намудан дошта бошад, шахсияти номзадҳо ва барномаҳои пешазинтихоботии онҳоро ҳаматарафа омӯзад, иродаи сиёсии худро вобаста ба номзадҳои пешниҳодгардида ташаккул диҳад, номзади арзандатаринро интихоб намояд. Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ин маъракаи муҳими сиёсиро дар сатҳи баланди ташкилӣ мегузаронанд ва он ҷомеаи моро боз ҳам муттаҳиду ягона мегардонад. Номзади арзандатаринро интихоб намуда, дар роҳи созандагию ободкорӣ ва рушди давлатдории миллӣ қадамҳои устувор мегузоранд. Ҳар як нафари мо бояд шукрона аз он кунем, ки баъди ҳазорсолаҳо соҳиби давлати соҳибистиқлор шудем ва тақдири худро ба дасти худамон гирифтем.
Ҳамчун намояндаи Мақомоти иҷроия ва намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қайд намудан мехоҳам, ки бо истифода аз малака ва таҷрибаи андӯхтаи худ зимни корҳои омодагӣ ва гузаронидани интихобот ба комиссияҳои интихоботӣ ҳамаҷониба мусоидат намуда, барои иштироки фаъолонаи ҳар як интихобкунандаи солимфикру ватандӯст баҳри интихоби роҳи ба даст овардани ояндаи неку дурахшони давлату миллат шароити зарурӣ муҳайё месозем.
Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳҳои сиёсӣ ва фирории созмони террористии наҳзати исломӣ, маводҳое паҳн мекунанд, ки саропо иттиолоти дурӯғ буда, бо воҳимангезиҳои барзиёд, сари мардумро гиҷ месозанд. Гурӯҳҳои ифротӣ душманони миллат нисбати Тоҷикистони соҳибистиқлол аз хориҷи кишвар эродҳое мегиранд, ки фақат ба хотири ғаразҳои сиёсӣ буда, на ба хотири рушди давлати миллӣ ва тавонманд шудани миллати тоҷик мебошад. Эътирозҳо ва сухани гурӯҳҳои ифротӣ ё худ наҳзатиёни террористӣ ба амнияти миллии мо заррае ҳам таъсир расонида наметавонад. Суханони муғризонаву бепояе, ки аз забони онҳо мунтазам садо медиҳад, пучу бемағз буда, мардуми шарифи кишвар ба он заррае ҳам бовар надоранд.
Дар шароити бисёр ҳассосу мураккаб, ки ҷаҳонро таъсири бемории “КОВИД-19” фаро гирифтааст, ҷиҳати пешгирӣ ва раҳоӣ ёфтан аз ин вирус Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин дигар мақомотҳои марбута ҷиҳати пешгирӣ, табобат тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд. Бемории мазкур аз моҳи апрел вориди кишвари мо гардид. Аз рӯзҳои ба қайд гирифта шудани беморӣ Пешвои миллат ҷиҳати пешгирӣ ва вуриди беморӣ ҳамаи чораҳоро андешида, Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бо коронавирусро бо сардории Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва тасдиқ намуда, ташхису табобат муоина ва муолиҷаю ҳолати шифоёбии сокинонро зери назорати махсус гирифтаанд. Тамоми муассисаҳои тандурустӣ дар саросари кишвар барои қабул ва муолиҷаи ин беморӣ омода карда шуд. Аввлин шуда бо ташаббуси Пешвои миллат музди меҳнати якмоҳаи худро ба фонди ин беморӣ гузарониданд. Ба ҳамаи вилояту ноҳияҳои кишвар барои муайян ва дарёфти саривақтии беморон, табобати онҳо тамоми доруворӣ ва маводҳои муҳофизатӣ, дастгоҳҳои тиббӣ ба ҳамаи беморхонаҳои шаҳрию вилоятӣ ва ноҳияҳо фиристода шуданд. Гирифторшудагони беморӣ ба табобат фаро гирифта шуда, ҳамаи шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуда табобат ёфта, кору фаъолият доранд.
Аз оғози пайдоиш ва паҳншавии бемории коронавирус душманони миллат, ташкилоти террористиву экстремистии (ТТЭ ҲНИ) бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ ва як гурӯҳ ҳаммаслакони фурӯхташудаи кинаҷӯву адоватхоҳ душманони миллату Ватан аз ин бадбахтиҳои ба сари инсоният омада, истифода карда, барои расидан ба мақсадҳои бадхоҳонаи худ, мардумро ба таҳлука андохта, ҳар гуна суханҳои дурӯғу бе асос ба сиёҳ кардани Ҳукумати кишвар ва Сарвари давлат кӯшиш намуда, дар саҳифаҳои интернетӣ паҳн мекунанд.
Чи хеле, ки ба ҳамагон маълум аст соли равон тариқи телевизион филми мустанади сеқисматаи “Хиёнат” ба маърази намоиш гузошта шуд. Бо санаду далелҳои дақиқ қасду ниятҳои ҷинояткорони ин ташкилоти террористӣ ошкоро намоиш дода шуд. Чеҳраҳои манфури хоинони миллат, қасду ниятҳои ифлосу тафриқаандози ҳизби экстремистӣ ва терорристии ҳизби наҳзати исломӣ дар ҳаққи миллати тоҷик ба мардум бори дигар аён гардид.
Миллати сарбаланди мо, ҳамчун миллати соҳибтамаддуну фарҳангофар, ҳеҷ гоҳ ба туҳмату буҳтонҳо, сиёҳкуниҳои бепояи ин тоифа ватанфурӯшу миллаткуш бовар надорад, онҳоро қабул ҳам намекунад ва хатову иштибоҳи гузаштаро ҳеҷ гоҳ такрор намекунанд.
Имрӯз миллати тоҷик ифтихор аз он дорад, ки дар баробари дигар халқияти олам ҳуқуқи овози баробар дошта, ҳуввияти миллии хешро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд. Аз ҳама бузургтарин мувафаққияти халқи тоҷик дар солҳои истиқлолият-неъмати таърихӣ, бешубҳа барқарор кардани сулҳи комил ва Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст ва вазифаи ҷонии мо ҳар як сокини ин кишвар чун гавҳараки чашм пос доштани ин неъмати бебаҳост. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки баҳри ҳифзу пойдории сулҳу субот ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ саъю талош намоем. Зеро ҳанӯз ҳам гурӯҳҳои манфиатҷӯ, сулҳу суботу оромии кишвари моро намехоҳанд ва ба ҳар восита кӯшиш карда истодаанд, ки амнияти ҷомеаро халалдор созанд. Мо ҳар як фарди ватандӯсту соҳибватан ҳеҷ гоҳ намегузорем сулҳу субот, амнияту оромии Ватанаморо парешон намоянд. Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст, ки баҳри ҳифзу пойдории сулҳу субот ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ бо ниятҳои неку созанда ба ободкориҳо машғул шуда, зери сиёсати сулҳпарваронаву инсодӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид шуда, барои рушду пешрафти Тоҷикистони азиз камари ҳиммат бандем.
Интихоботи Президенти мамлакат барои ҳар як сокини кишвар дар навбати аввал барои мо сокинони ноҳияи дурдаст рӯйдоди муҳим мебошад, имрӯзҳо мо шоҳиди бисёр дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти халқи Тоҷикистон, дар пешрафту тараққиёти гӯшаю канори он ҳастем. Хусусан дар ҳафт соли охир бисёр ободкориҳо амалӣ шуда, симои аксарияти шаҳру навоҳии мамлакат дигар шуданд. Ҳамаи ин дастовардҳо дар натиҷаи тинҷию амонии кишвар меҳнати шабонарӯзии мардуми сарбаланди он ба даст омадаанд.
Имрӯз дар назди ҳамаи мо ва ҳар як фарди ватандӯст масъалаи масъулиятнок истодааст, ки бояд интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тавре ташкил ва гузаронем, ки намунавӣ бошад ва барои ояндаи неки Тоҷикистони азиз ва халқу миллатҳои дар он зиндагӣ мекунанд, хизмат намояд. Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии мардуми шарифи Тоҷикистонро нишон дода, бо тақвияти боз ҳам бештари нуфузу обрӯи давлати моро дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат хоҳад намуд.
Бо ҳамаи ин андешаю хулосаҳо боварии комил дорем, ки дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз, ҳар як фарди ватандӯсти кишвар барои ояндаи дурахшони фарзандонамон мулки ободу хуррам боқӣ гузоштан, барои ҳимоя ва манфиатҳои миллат, дар маъракаи муҳими сиёсӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок менамояд ва ҷонибдории худро аз ояндаи дурахшони Ватанамон дастгирӣ мекунанд.
Н. Юсуфзода, узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав