ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҳамарӯза тибқи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон вохӯриву суҳбатҳоро оид ба вазъи пандемияи СOVID-19 дар доираи Аксияи ҳизбӣ бо усули “хона ба хона” миёни аҳолӣ мегузаронад, ки сокинон аз ин чорабинии ҳизбӣ вобаста ба ин бемориии сироятии ҳамагир ба худ маълумоти бештар мегиранд. Инчунин, дар баробари гузаронидани корҳои таблиғотӣ ба онҳо маводҳои антисептикӣ, ниқобҳои тиббӣ ва варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда мешаванд, ки сокинон метавонанд бо истифода аз ин маводҳои тарғиботӣ худ ва наздиконашонро аз ҳамагуна бемориҳои сироятии мавсимӣ дар фасли тирамоҳ муҳофизат намоянд.
Инчунин, дар ин раванд намояндагони ҳизбӣ моҳияти Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба дарки ҳамагон расонида, даъват ба амал меоранд, ки баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз дар рӯзи интихобот ба номзади арзандаи ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раъйи худро диҳанд.