БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН ОЁ МЕДОНЕД, КИ “САГ МЕҶАКАДУ КОРВОН БА РОҲАШ МЕРАВАД”.

ВОКУНИШ. Пешбарии номзадии Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро  сокинони мамлакат бо як қаноатмандии бузург, бо як хушнудӣ  пазируфтанд.  Дар суҳбату вохӯриҳо мешунавем ва мебинем, ки одамони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат, одамони рӯзгордида, ҷавонон ва занону бонувон  аз ин пешбарӣ чӣ қадар изҳори қаноатмандӣ мекунанд. Зеро онҳо гузаштаро хуб дар ёд доранд. Хуб медонанд, ки  ҳамин наҳзатиҳои хоин   бар ивази   маблағҳои хоҷагони хориҷиашон мехостанд   дар Тоҷикистон давлати исломӣ бунёд  намоянд.  Онҳо бо сиёсати авомфиребона Тоҷикистонро ба ҷанги таҳмилӣ кашиданд. Ҳамин тавр Тоҷикистон ба як харобазор табдил ёфт. Дар ҳамон даврае, ки ҳамсоякишварҳо дар фикри ба қисматҳо ҷудо намудани Тоҷикистон буданд, дар ҳамон даврае, ки миллати тоҷикро парокандашавӣ таҳдид менамуд,  дар ҳамон даврае, ки тамоми органҳои қудратӣ фалаҷ гардида, аз фаъолият боз монда буданд, дар ҳамон даврае, ки дар хазинаи давлат  ягон маблағ набуд, дар ҳамон даврае, ки  гирифтани мансабҳои баланд ва ҳатто роҳбарии  давлатро касе ба гардан гирифтан нахост , фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодро ба мансаби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул  намуд  ва ба  мардуми азияткашидаи тоҷик ваъда дод, ки ба онҳо сулҳ меорад. Тамоми гурезагонро ба Ватан бармегардонад. Сатҳу  сифати зиндагии мардумро сол то сол беҳтару хубтар менамояд.   

То расидан    ба мақсадҳои дар пешгузошта Пешвои миллат чӣ қадар душворӣ  ва монеаҳоро паси сар намуд. Бисёр ҳолатҳое буд, ки таҳдид ба ҷонаш карданд, вале натарсид. Зеро қасам хӯрда буд, ки дар роҳи давлатсозӣ агар зарур шавад,   барои халқаш, барои Ватанаш   ҷонашро дареғ намедорад. 

Имрӯз  дар асоси сиёсати созанда ва бунёдкоронаи  Пешвои миллат Тоҷикистон  ба давлати рӯ ба тараққӣ табдил ёфтааст.  Мардум боварии комил доранд,  ки дар давоми ҳафт соли оянда Тоҷикистон боз ҳам   рушду тараққӣ менамояд ва  он аз давлати кишоварзӣ  ба  давлати  саноатӣ – кишоварзӣ табдил меёбад.  Вале душманону хоинони  давлату миллат, аз ҷумла Муҳаммадиқболи Садриддин  дар баромадҳои ғаразноки худ  ҳамаи  ин заҳматҳои Пешвои миллатро нодида гирифта,  наҳзатиҳои хоинро  ҳомӣ ва пуштибони    миллат нишон доданӣ мешаванд.  Оё онҳое, ки  бештар аз як саду панҷоҳ ҳазор одамони бегуноҳро  қатл намудаанд, онҳое, ки сабаби гуреза гардидани як миллион муҳоҷирони иҷборӣ гардидаанд,  онҳое, ки мардуми минтақаи Кӯлобро дар муҳосира нигоҳ  дошта, сабаби пайдошавии бемориҳои гуногун ва талафи зиёди одамон шудаанд, онҳое, ки барои бадном намудани давлати Тоҷикистон фарзандони номдори миллат ба мисли Муҳаммад Осимӣ, Исҳоқ Ғуломов,  Муҳиддин Олимпур ва даҳҳо дигарон ба қатл расонидаанд, онҳое, ки дубора мехостанд табаддулоти давлатӣ намоянд ва ба ҳамин монанд  нисбати давлату миллат садҳо ҷиноятҳо содир намудаанд, ҳомӣ ва пуштибони миллат шуда метавонанд? Миллат аз чунин ҳомиҳо, ки дар хориҷ истода,  обрӯи давлату миллатро дар арсаи байналмилалӣ паст мезананд, сад безоранд. Агар чунин имконият даст диҳад, мардум ба рӯи чунин  ҳомиҳои хоин  туф менамоянд.

Муҳаммадиқболи Садриддин!  Оё медонед,  ки  бадбахтарини афрод  кист? Бадбахтарин афрод мисли ту, роҳбаратон Муҳиддин Кабирӣ ва дигар хоинони миллат - Шавкати Муҳаммад  аст, ки  ба хотири манфиати хеш на ҳарфи ҳақ мезанед, на ҳарфи ҳақ мешунавед   ва на ҳақро мебинед, зеро Худо шуморо кӯру кар намудааст.

Аз ин рӯ, агар аз субҳ то шаб бе танаффус    ба сари давлат ва  Роҳбари давлат туҳмату буҳтон резед ҳам, “корвон ба роҳаш меравад”. Баромадҳои ғаразонаи шумо Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳамтабақонат на танҳо боиси косташавии обрӯи Пешвои миллат, балки боиси афзудани эҳтироми  ӯ дар байни мардум мегардад.  Инро дар хотир доред ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед!

Халилзода Сафар Хоҷа, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

        

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg