ВОКУНИШ. Мардуми мо ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, ба қадри заҳматҳои давлатсозии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасанд ва ин ду муқаддасотро қадр менамоянд.
Вале, мутаассифона, вақте Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳам пош хӯрд, роҳбарони ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати ислом ва думравони он худро ҳимоятгари мардум муаррифӣ намуда, халқи тоҷикро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд. Мардуми бенаво гуреза шуда, аз Ватан бе Ватан гаштанд. Тоҷикистон киштии шикастаеро дар баҳри беканор мемонд. Мардумро ҳисси ноумедӣ фардо фаро гирифта буд. Ҳама сиёсатмадорони бехирад роҳи хориҷаро пеша карда, мардум чӣ кор кардан, ба куҷо рафтанашонро намедонистанд. Давлатҳои абарқудрат дар фикри пора – пора кардани Тоҷикистони соҳибистиқлол буданд. Худованд оҳу нолаи модари фарзандгумкардаи тоҷик, мардуми бехонаву дар гаштаро шунида, ба онҳо дубора ҷону рӯҳ ва қувват бахшид. Ба онҳо родмардеро ато намуд, ки дар шаби торик ситораи дурахшонро мемонд. Мардум ба фардо умед пайдо карданд. Шӯълаи зиндагӣ дар дили аз ҳаёт сардгаштаи халқ дубора равшан гардид. Ин шӯълаи ободии Ватан, созандагӣ, худро шинохтан буд. Ин ҳама аз меҳнати шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад.
Имрӯз мардуми тоҷик дар Ватани ободу зебои худ сарбаландона зиндагӣ мекунад. Аз Ватану Пешвои миллат, ки мардумро бо имрӯзи фирӯз расонида ва онҳоро бо фардои дурахшон ҳидоят менамояд, миннатпазиранд.
Аммо натавонбинон ва кӯрдилон ин ҳамаро нодида гирифта санг ба сари миллат ва Ватани худ мезананд. Мувақаттан боз доштани фаъолияти масҷидҳо имрӯз мавзӯи баромадҳои ғаразонаашон шудааст. Хоинони миллат фаромӯш кардаанд, ки ҳифзи саломатӣ ( яъне муҳофизати ҷисму тани инсон) дар назди Худованд мақоми худро дорад. Аз ин рӯ мардуми тоҷик ба хотири саломатии худ ва дигарон суннатҳои динӣ ва миллии худро дар хона ( алоҳида) ба ҷо меоваранд. Мардум имрӯз хубро аз аз бад ба хубӣ фарқ мекунанд. Ягон васвасаи шайтон мардумро гумроҳ карда наметавонад. Зеро дуруст фармудаанд, ки кӯр асояшро як бор гум мекунад. Халқи тоҷик як бор ба доми фиреби хоинони миллат афтода, оқибати талхи онро чашиданд ва онҳо дигарбора намехоҳанд, он рӯзҳои даҳшатбор ба сарашон биёяд.
Имрӯзҳо бошандагони кишвар дар корхонаҳои саноатӣ, заминҳои ҳосилхез, сохтмону иншоотҳои бузурги аср, муссисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, иҷтимоӣ ва тиббӣ аҳлона меҳнат менамоянд ва Ватани азизи худро ободу зебо мегардонанд.
Ин ҳама файзи Истиқлолият ва роҳбарии дурандешонаи Пешвои миллат мебошад, ки дар арсаи ҷаҳонӣ низ ба таври аъло шинохта шудааст.
Ин зархаридон бошад, чун ғуломони ҳалқабаргӯш чашм ба ангушти хоҷагонашон мебошанд, ки кай ва ба куҷо ишора мекунанд, то ба пою сар даванд. Дар ивази луқмаи ҳаром ба Ватани аҷдодӣ ва миллати худ санги маломат зананд.
Ҳабибулло Яҳёв, коршиноси сиёсӣ, аъзои гурӯҳи таҳлилии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг