ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва истифодаи самараноки қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар маҳаллаҳои ноҳия бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуда, бо аҳолӣ ҷиҳати пешгирии ин вирус, истифодаи самараноки замин ва захираи маводи хӯрока дар фасли сармо суҳбат намуданд.
Дар ин росто ба шахсони ниёзманд ниқобҳои яккаратаи муҳофизавӣ ва варақаҳои тарғиботӣ тақсим карданд.