БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ МО ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ ВА РУШДУ НУМУИ ВАТАН АСТ!

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои  миллӣ.  Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб оид ба  пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ дар маҳаллаҳои ноҳия бо усули «хона ба хона» гардиш доир намуданд.

Зимни суҳбат бо аҳолӣ намояндагони  ҳизбӣ оид ба риояи ҳатмии  гигиенаи шахсӣ ва тозаву озода намудани гирду атрофи маҳали зист маслиҳатҳои муфид дода, сокинонро таъкид карданд, ки худро бо истифода аз маҳлулҳои антисептикӣ ва ниқобҳои  тиббӣ аз ин бемории ҳамагир эҳтиёт намоянд.  Инчунин, ба шахсони ниёзманд ниқобҳои яккаратаи муҳофизавӣ, маводҳои безараргардонӣ ва варақаҳои тарғиботиро дастрас намуданд.

Ҳамзамон, дар ин раванд Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудааст, ба ҳар як сокин ба таври  мушаххас шарҳ дода шуда, онҳо таъкид  гардиданд, ки дар рӯзи  интихобот фаъолона иштирок карда, барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистон ба номзади арзанда раъй диҳанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg