ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ва намояндагони Ҷамоати шаҳраки Совет дар Маҳаллаи №1- и Ҷамоати шаҳраки Совет бо мақсади иштироки ҳатмии шаҳрвандон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шиносоӣ бо Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID – 19), ободу зебогардонидани маҳал, инчунин бо мақсади истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ ва захираи маводи ғизоӣ барои зимистонгузаронӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Дар анҷоми суҳбат ба шаҳрвандон Муроҷиатномаи ҲХДТ, варақаҳи иттилоотии пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус, варақаи иттилоотии истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва огоҳиномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик барои ободу зебогардонии маҳали зист дастрас карда шуд.