БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОҲИБВАТАН БУДАН ХИСЛАТИ МУҚАДДАСИ ҲАР ЯК ФАРДИ ТОҶИК АСТ

АНДЕША. Миллати тоҷик сохти давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёдро интихоб намуд. Мақсади асосии интихоби низомӣ демократӣ пеш аз ҳама таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда,  волоияти қонун, пойдори адолат ва   иштироки фаъолонаи мардум дар идоракунии давлат мебошад. Ба наздикӣ аз  маҷаллаи «Қонун ва ҷомеа» як мақола хондам ва ба тааҷҷуб задам. “То  тобаддулот  се рӯз монда буд”. Нақшаи кашидаи хоинҳои халқ бе ниҳоят тааҷҷубовар буданд.

Аз ин лиҳоз мо ҳар як ҷавони  соҳибвиҷдон  зиракии ҳушёриро  набояд аз даст диҳем. Миллати   тоҷик рӯзҳои   сахтро аз сар гузаронид. Аз азоби беватанӣ дар мулки афғон   азоби  ғарибӣ мекашиданд.

Як гурӯҳ ҷавонони имрӯза зудбоваранд. Гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ вазъияти орому осоиштаи кишвари моро мехоҳанд ноором созанд.

Вобаста ба ин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: Тавре, ки чандин бор таъкид карда будам, ки баъзе ҷавонони гумроҳшудаи мо низ ба сафи ҷангиёни гурӯҳи ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ пайваста, дар муҳорибаҳои  хунини давлатҳои хориҷӣ ширкат доранд. Ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки баъзе шаҳрвандони мо тамоми оилаашонро ба он ҷойҳо интиқол додаанд. Қисми зиёди онҳое, ки дар ҳудуди давлатҳои ҷангзада қарор доранд, дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои зиддитеррористӣ кушта шуда, фарзандони ноболиғи онҳо бесаробон мондаанд.

Дар Ватани худ осуда, тинҷ зиндагӣ кардан кори худ буд. Дар ҷаҳон баъзе кишварҳо обхезӣ, шамоли даҳшатнок аз нооромӣ  азият мекашанд. Ҳар як ватандор бояд фикру мулоҳиза кунад, ки  «Ман ба Ватан чӣ додам», «Ватан ба ман чӣ дод?» Сарвари мо Эмомалӣ Раҳмон ба мо сулҳу  оромиву тинҷӣ, дастовардҳои беназиру бешумор додааст. 

Тӯли 29 сол аст, ки мардуми тоҷик аз Истиқлолияти давлатӣ  шукргузорӣ мекунад. Ҳар як инсон, яъне пиру барно дар назди худ мақсад гузорем, ки фарзанди арзандаи Ватан  бошем.

Дини мубини Исломро дар қалби худ  ҷой карда, инсони хуб бошем, мисли М.Кабирӣ дар ниқоби ислом кирдору кори сиёҳ накунем. Лаънат бар он касоне, ки ватанфурӯшӣ  карда, гадои хориҷӣ гашта, азоби беватаниро мекашанд.

Султонов Неъматулло,  мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg