БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинони маҳал мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишварро якдилона ҷонибдорӣ менамоянд

ХУРОСОН. Дар деҳаи Сабзазори ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизова Сабоҳат, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Подшоқулов Парвиз, бо сокинони  деҳаи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.

Нахуст  масъулин аз суханронии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ дар мулоқот бо аҳли зиёи кишвар, ки дар он таъмини волоияти қонун, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, таъмини оромӣ, сулҳу амнияти давлату миллат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ироа гардиданд, шарҳу тавзеҳ дода, инчунин  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии ҳизб, нисбати сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Дар охир сокинон аз мулоқоти судманди Пешвои миллат бо аҳли ҷамоатчигӣ изҳори миннатдорӣ баён карда, иброз доштанд, ки суханрониҳои пурмуҳтавои Роҳбари давлат, ки ба осоиштагии рӯзгори мардум ва сулҳу ваҳдатӣ миллӣ равона гардидааст, якдилона ҷонибдорӣ менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg