БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ БОЯД ШАФФОФУ ДЕМОКРАТӢ СУРАТ ГИРАД

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидоии “Литсейи касбӣ- саноати кимиёии шаҳр” хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни суҳбат Фароғат Назарова муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант ва Нуринисо Ибодуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроия  дар робита ба эълон гардидани Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ ва таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфтанд.

Аз ҷумла қайд гардид, Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти шиори “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” таҳия ва пешниҳод гардидааст, ки тадбирҳои дар он зикршуда имкон медиҳанд, ки дар муддати ҳафт соли оянда модели нави иқтисодӣ амалӣ гардида, ҳадафҳои стратегии кишвар тадриҷан татбиқ шаванд ва вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ ба куллӣ тағйир ёбанд.

Дар рафти вохӯрӣ, инчунин дар бораи омодагиҳо ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ, таъмини иштироки фаъолонаи сокинон  ва саҳм гузоштан баҳри дар сатҳи баланд ва шаффофу демократӣ баргузор гардидани он мавриди суҳбат қарор гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg