ВОКУНИШ. Фурсат фаро расид. Фурсати деринтизору интизориҳо. Фурсате, ки барояш сухане ва мавзуеро пайдо месозад. Фурсате, ки барои аз даст доданаш сукут нашояд. Фурсати сухан, ибо, ишора ва билохира хиёнат.
Фурсатталаб шахсест, ки барои иҷрои амале ва ё коре замон мепояду интизорӣ мекашад.
Фурсатталаб шахсест, ки беиродаву ноустувор:
Фурсатталаб шахсест, ки танбалу нокасу нокор:
Фурсатталаб шахсест, ки барои баҳонае луқмаи нонеро дарёфт мекунад,
Фурсатталаб шахест, ки аз ҳисоби дигарон рӯзӣ меҷӯяду рӯзӣ меёбад.
Билохира фурсатталаб шахсест, ки бадкирдору ноадолатпеша ва интиҳо “хиёнатпеша”
Фурсатталаб ва ё “идеал” –и имрӯзаи ман аввал “ҳеҷ кас нест”, сипас ба ҷуз “наҳзатиҳои бадбахт”, ки яке аз онҳо Маҳмадиқболи Садриддин аст, ки имрӯз вазъи сиёсии Тоҷикистон барояш фурсате даст додааст, ки сару садоҳои нолозимашро дар муҳити ба худаш ошно пахш созад. Ин ҳам бошад маъракаи фардовуқӯъи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Имрӯз бо истифода аз маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯсфанди кар ва мушони сӯрохӣ “наҳзатиҳо” ба сухан даромадаанду ба андешаи пучи худашон ҳамон пистаеро мемонад, ки лаб во кардаасту расво шудааст.
Расвошудаи кӯчаи одамият Маҳмадиқболи Садриддин. Имрӯзҳо аз субҳ то шом заҳмат мекашад, меҳнат мекунаду эҷод месозад, дурӯғеро бо дурӯғе ва фитнаеро бо иғвое ҳамоҳанг сохта, тавассути сомонаи шахсияш ба нашр мерасонад.
Яке дар алами сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон, яке дар алами маҳбусу маҳбасбозон, яке дар бораи мансабдорону мансаббозон, яке дар бораи Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меноладу менолад.
Аз нолишҳою нолаҳояш бӯйи ғарибӣ, мискинӣ, кулоҳбардорӣ, фармонбардорӣ меояд, зеро ки Маҳмадиқболи Садриддин дар он тарафи дунёву Тоҷикистони ман дар ин дунё. Пас ин ҳама сафсатаҳо барои чӣ ва барои кӣ.
Ин ҳама мисли оина равшану ошкорост, зеро ки Маҳмадиқболи Садриддин яке ҷузъи гурӯҳи террористию экстремистии ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати исломӣ аст, ки имрӯз дар хориҷа паноҳ мебаранду бо хоҳишу иродаи “аҷнабиён” амал мекунанд. Бояд чунин бошад, зеро ҷойе, ки зиндагӣ мекунанд, муттаалиқ ба “аҷнабиёст”, луқмае, ки мехӯранд аз они “анҷабиёст”, либосе, ки мепӯшанд моли “аҷнабиёст” ва билохира нафасе, ки мекашанд, ҳавои “аҷнабиёст”. Пас месазад бигӯем, ки Маҳмадиқболи Садриддин “ватандор” ва ё “ватандӯст” аст, зеро ки сухан дар бораи Ватан ва ватандорӣ мегӯяд ва ё барои пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ амал мекунад. Ҳеҷ вақт не!!! Ӯ аъзои ҳизби мамнуъгаштаи наҳзати исломӣ мебошад ва амалу рафтораш барои бинандаву шунаванда ошносту ошно.
Бояд ёдовар шавем, ки замоне, ки ҳизбе дар Тоҷикистон бо номи исломӣ вуҷуд надошт, масҷиду мулло дорои арзиши баланд миёни мардум буд. ҲНИ рӯи кор омаду коре ба нафъи ислом ва муслимин накард. Агар бе ягон таънаву танқид, танҳо “рӯи Худо” гап занем, оғози ҷанг, ҳиҷрату парешонии мардум, харобии иқтисодиёт, таназзули фарҳангӣ, ихтилофи ақидавӣ, кинаву адоват ва чандин фалокату бадбахтии дигар фишурдае аз корномаи ҲНИ ва “хизмат”-и ӯ барои мусулмонони тоҷик аст.
Исломе, ки асрҳо боз тоҷикро ба тоату ибодат, таълиму насиҳат, некхоҳию накӯкорӣ даъват менамуд, якбора ба ӯ амр кард, ки майдондорӣ кун, силоҳ бигир, мансабро ба зӯр соҳиб шав, интиқомгирӣ кун, одам бикуш ва ғайраву ваҳоказо. Ва ин хиёнати бузурги ҲНИ ба дини ислом буд. Дар натиҷа, исломе, ки бояд омили муттаҳидии миллати мо дар солҳои сарнавиштсози поёни асри 20 мешуд, баръакс, сабаби ихтилофу даргириҳо гардид. Акнун худ қазоват кунед: чӣ хиёнате бузургтар аз ин аст, ки масири як дини поки осмониро дигар кунӣ ва онро ба манфиатҳои сиёсиву мансабталошонаи худ истифода барӣ? Ҳамин буд, ки Худованди донову ҳаким дасти иноят ба сӯяшон дароз накард ва пирӯзашон насохт.
Хулоса, имрӯз дар ҳақиқат Тоҷикистони мо як давлати мардумсолор ва ҳуқуқмеҳвар аст, чун мардуми тамаддунофараш дар тинҷиву амонӣ, сулҳи ҷовидона зери Парчами адолат ва роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умр ба сар мебарад ва аминам, ки дигар ҳадафи ҳеҷ хоини миллат ин миллатро перешон намесозад.
Ҳамраҳат халқи бузургам қарни дигар мераванд,
Қатъию бо боварӣ ҳамчун самандар мераванд.
Поянда бод, Тоҷикистон бо Пешвои миллати сулҳофару инсонпарвари хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Абдуллозода Саёҳат, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон