КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Сино” вобаста ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хониши сиёсӣ доир карда шуд.
Дар рафти вохӯрӣ аввалан кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба сухан баромада, оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2013-2020 андешаронӣ карда, нақшаҳои ҲХДТ дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар даҳ соли оянда ба ҳозирин шарҳ дода шуд. Инчунин, аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки дар маъракаи муҳимми сиёсӣ фаъолона ширкат намоянд.