ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» аз ҷониби аъзои фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар маҳаллаи Кулолободи Ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонбо сафарбарнамоии раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Қ. Барзунов синфхонаҳои иловагӣ бо тариқи ҳашар сохта шуда, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд. Чун ҳамагон огаҳ ҳастем, миллати тоҷик бо ба даст овардани истиқлолият ба пешравиҳову дастовардҳои назаррас ноил гардида, Ватани маҳбубамон- Тоҷикистони азиз рӯ ба тараққӣ ниҳода, некуаҳволии мардум бамаротиб баланд рафта истодааст. Ин ҳама неъматҳои бузурги Истиқлолият ва заҳмату талошҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мо мардуми шарафманди тоҷик рӯз то рӯз ба зиндагии босаодат ва пешрафту шукуфоӣ ноил гардида истодаем. Ва моро зарур аст, ки ба қадри ин неъматҳои бузург расида, бо амалҳои созандаи хеш баҳри боз ҳам рушд кардани Тоҷикистони биҳиштосо саҳми арзанда гузорем.