БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН МУБОРИЗОНИ ВАТАНУ МИЛЛАТАНД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои  миллӣ.  Бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сироятии короновирус (СOVID-19) ва баланд бардоштани дониши хонандагон дар Литсейи касбӣ техникии ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ вохӯрии навбатӣ миёни хонандагони муассиса баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки ҳангоми суҳбат миёни хонандагони ЛКТ аз тарафи масъулин иброз гардид, ки беҳтарин воситаи пешгирӣ ва гирифтор нашудан ба ин беморӣ, риояи тарзи ҳаёти солим аст. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки ҳар як нафарро мебояд, ки ба гигиенаи шахсӣ диққати аввалиндараҷа диҳад то худ ва дигаронро аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ муҳофизат намояд.

Ҷавонон воқеан ояндаи давлату миллат ба ҳисоб мераванд, бинобар ин мебояд онҳо дар пешрафти ҷомеа ва солимии миллату давлат саҳми худро гузоранд.

Ҳамчунин, ба хонандагон тавсияҳои барои пешгирии бемории сироятии коронавирус расонида шуд ва таъкид карда шуд, ки хонандагон ба дарс бе ниқоби тиббӣ  наоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg