БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАХИРАИ МАВОДИ ХӮРОКА БАРОИ ЗИМИСТОН ОМОДА АСТ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои  миллӣ.  Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ вохӯриву суҳбатҳоро оид ба бемории сироятии СOVID-19 ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ дар деҳаи Зардолубоғи Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалӣ баргузор намуданд, ки дар он сокинон фаъолона иштирок намуданд.

Дар рафти баргузории чорабинии ҳизбӣ бо усули “хона ба хона” масъулин вобаста ба мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус ва захираи маводи хӯрока бо истифода аз заминҳои корам андешаронӣ карда, сокинонро таъкид намуданд, ки риояи гигиенаи шахсӣ, пӯшидани ниқобҳои муҳофизатӣ дар ин давра муҳим буда, барои раҳоӣ ёфтан аз сироятёбӣ аз бемории ҳамагир ба қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиддӣ муносибат намоем.

Инчунин, масъулин дар идома иброз доштанд, ки ҳарчи бештар захираи молу маҳсулоти кишоварзиро тақвият бахшида, рӯзгори хешро дар фасли зимистон бо маводи озуқаворӣ таъмин намоянд. Сипас, ба онҳо муроҷиатномаи ҳизбӣ тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg