БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ - БАҚОИ МИЛЛАТ

АНДЕША. Дар тӯли таърих халқи тоҷик ба дастовардҳои зиёде ноил гардидааст, ки бузургтарини онҳо ба даст овардани Истиқлолияти миллӣ мебошад. Хушбахтона, имрӯз мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Истиқлолият муқаддастарину  азизтарин неъмат,  рукни асосии давлати озод,  рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи  мо мебошад.

Истиқлолияти давлатии  Тоҷикистон барои мардуми тоҷик  хушбахтиест, ки арзиши он беинтиҳост. Тоҷикон аз қадимулайём миллати озодипарасту озодихоҳ буданд. Солҳои сол дар дил орзуи озодиро мепарвариданд.  Бо     амри тақдир ва бар  асари таҳаввулоти фарогири сиёсиву иҷтимоӣ халқи тоқик аз  нав  ба эҳёи давлати миллии худ  ноил гардид.  

Аз он шукргузорӣ мекунем,  ки  имрӯз  миллати бузурги  тоҷик   соҳиби давлати  мустақил,  демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона гардидааст. Бешубҳа оромиву шукӯҳи ҳар як давлат аз ҳар як шаҳрванди он, махсусан   насли ояндасози миллат - ҷавонон  вобаста аст. Мо ҷавонон бояд хуб дарк намоем, ки оянда тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дӯши мо гузошта мешавад, ки ин рисолати хайр, яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда бегазанд  ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ масъулияти бузург  аст.   Ҳар  яки  мо  вазифадорем,   ки  ба хотири  таҳкими Ваҳдати миллӣ,  пойдориву устувории  сулҳу  осоиштагӣ  дар Ватани азизамон-Тоҷикистон  кӯшиш  кунем. Барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ, бунёди давлати пуриқтидори демократӣ ва эҳёи дурахшонтарини тамаддуни  бузурги ниёгонамон  масъулияти  бузургро  ба   дӯш  гирем.

Мусоев Хуршед, роҳбари волонтёрони назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ                           

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg