Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории сироятии короновирус навъи (СOVID-19) бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии навбатӣ миёни хонандагони муассиса баргузор гардид.
Зимнан ба хонандагон варақаҳои иттилоотӣ тақсим карда шуда, дар суҳбат иброз карда шуд,ки барои пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ одам бояд аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода бурда, ҳамеша оби ҷӯшонидашуда нӯшида, аз сафар ба кишварҳое, ки ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст, худдорӣ намояд. Ба қоидаҳои беҳдоштӣ, махсусан бо собун шустани дастон эътибори махсус додан лозим аст. Инчунин, ҳангоми мушоҳидаи аломатҳои ин беморӣ дар худ ҳатман ба табибони оилавӣ муроҷиат намудан аз чораҳои асосии пешгирии коронавирус мебошад.