ҲАМАДОНӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Муродалӣ Шамсов ва Фирӯз Пиров бо фаъолони деҳаи Иқболи ҷамоати деҳоти ба номи С. Турдиев вохӯрӣ баргузор намуданд.
Масъулин дар назди ҷамъомадагон вобаста ба таърих ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, риояи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, эҳёи анъанаҳои неки ниёгон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар хона суханронӣ карданд.
Дар охир 8 нафар сокинони деҳа ба унвонии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия аризаҳои худро барои шомил шудан ба сафи ҲХДТ пешниҳод намуданд ва онҳо ба сафи аъзогии ҳизб бо хушнудӣ пазируфта шуданд.