БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНОН - НЕРӮИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

АНДЕША.  Ҳангоме, ки мо зан мегӯем пеши назар симои як олиҳаи зиндагиофар ба ҷилва меояд. Зиндагии инсон аз домони поку намози зан-модар оғоз мегардад ва маҳз ҳамин домон дабистони аввалини ҷаҳоншиносии мост. 

Оре, зан на танҳо офаридагори ҳаёт ва идомабахши наслҳои оянда аст, балки офарандаи неъматҳои моддӣ, тарбиятгари насли ҷавон, табобатгари инсонҳову пешбарандаи ҷомеа,  шахси фаъоли идораи давлату давлатдорӣ ва дар маҷмуъ фаъолиятгари ҳамаи ҷамбаҳои ҳаёт мебошад.

Имрӯз  мо кормандони масъули ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар бораи  беҳтарин бону - модар, шахси бомаърифат, бофарҳанг, сиёсатмадор ва ташкилотчӣ- Валиева Саъбагул сухане гуфта бошем.

Баъди хатми донишгоҳ  Саъбагул Валиеваро ба хоҷагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба ҳайси мураббии боғчаи бачагона ба кор даъват мекунанд. Кордонияшро дида, баъд аз шаш моҳ мудири боғчаҳо таъин менамоянд. Ӯ кӯшиш ба харҷ медод, ки ҳамаи модарон фарзандонашро ба боғчаҳо супурда, оромона ва бо дили пур корро дар саҳро идома диҳанд. Дар баробари ин, ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр низ хидмати мардумро ба ҷо меовард, то ба мушкилии мардуми деҳот расидагӣ намояд.

Дар баробари кор дар вазифаҳои роҳбарикунанда, ҳамчунин, ташкилоти ғайридавлатиеро бо номи Маркази инкишофи ҷамоати "Саховат" таъсис медиҳад. Бо ин роҳ ба мардум ёрӣ мерасонд. Лоиҳаеро роҳандозӣ намуда, корхонаи дӯзандагӣ таъсис дод ва занони хонашинро ба кор ҷалб сохт. Бо теъдоди даҳ нафар усто ва 20 нафар шогирд корхонаи мазкур фаъолият мебурд. Занҳои деҳотро ба мошинаҳои дарздӯзӣ таъмин карда, кӯшиш мекард, ки занони деҳот соҳиби ҳунар ва ҳам ҷои кор гарданд. Ин лоиҳа муддати шаш моҳ амал намуд. Дар ҳамон шабу рӯзе, ки зиндагӣ ниҳоят мушкил буд, таъмин намудани занону бонувон ба ҷои корӣ хеле муҳим ба ҳисоб мерафт. Баъд дар назди хоҷагии Мир Сайи Алии Ҳамадонӣ барои ҷалби занони ҳунарманд корхонаи ресандагӣ таъсис дод ва бисёриро ба кор таъмин намуд.

Соли 2005 ба ҳайси директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №29 бо истифода аз чанд лоиҳаи пешниҳоднамудааш ҳуҷраи алоҳида ташкил карда, барои духтароне, ки таҳсилоти синфи 9 доштанду барои тамдиди таҳсил имкон намеёфтанд, курси дӯзандагиро ба роҳ монд. Ба литсейи касбии техникӣ шартнома баста, онҳоеро, ки курсҳоро ба итмом мерасонданд, бо сертификати дӯзандагӣ таъмин мекард.

Дар баробари ин, як бинои мактаб бо шаш синфхона ва ду ҳуҷраи корӣ бо пешниҳоди лоиҳаи ӯ ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сармоягузории Бонки рушди Осиё бахшида ба 2700-солагии шаҳри Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дере нагузашта, боз як бинои дигаро бо шаш синфхона дар паҳлуи ҳамон бинои мактаб ба истифода доданд. Баъд аз ин, соли 2009 ӯро ба ҳайси раиси ҷамоати деҳоти Зиракӣ таъйин мекунанд. Ташаббускориҳояшро дида, бо розигии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2014 ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб таъин мегардад.

Валиева Саъбагул дар вақти фаъолият карданаш ҳамчуни роҳбари кордону ботаҷриба ҳамеша ба шогирдон таъкид мекард, ки дар куҷое, ки кору фаъолият менамоед, аввалиндараҷа вазифаи медоштагиатро дӯст доред ва дар хизмати халқ бошед. Ҳамин маслиҳатҳои муаллима буданд, ки имрӯз шогирдон дар тамоми сохторҳои давлатӣ ва берун аз кишвар  кору фаъолият доранд. 

Рост аст, мегӯянд инсон 5% ба худаш таъаллуқ дорад, 95%-аш барои ҷомеа сарф мегардад, чунки ҳар як инсон дар дунё рисолати худро дорад, албатта бо афкори ояндасозаш. Бале, рисолати инсонҳо неки кардану обод намудани марзҳои олам аст чун маърифату одобро Валиева Саъбагул аз модар - мураббии азизаш омӯхта буд.

Дар зиндагии хонаводагӣ низ мушкиле надошт. Бо шавҳараш Ҳабибулло Ҷумъаев 18 сол зиндагии хубро сипарӣ намуд, аммо ҳамсараш ба беморие мубтало гардиду тарки дунё гуфт. Валиева Саъбагул ба ҳамин мушкили нигоҳ накарда, ҳамеша кӯшиш мекард фарзандон аз ягон чиз танқисӣ накашанд ва онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ таълиму тарбия намуда, ба воя расонид. Валиева Саъбагул соҳиби 4 фарзанд буда, фарзандонаш дорои маълумоти олӣ ҳастанд, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият доранд.

Валиева Саъбагул дорандаи Аълочии ифтихории маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, медали “Хизмати шоиста”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва даҳҳо Сипосномаву Ифтихорномаҳои давлативу ҳизбӣ қадрдонӣ гардидааст.

Валиева Саъбагул аз вакили ҷамоат сар карда, то вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон кору фаъолият намудааст. Бо мардум кор кор кардан кори осон набуд, аммо муаллима тавонист худро дар дили мардум ҷо карда, мушкилиҳои онҳоро сари вақт ба мақомотҳои дахлдор расонад ва дар ҳалли онҳо мусоидат намояд.

Талошу кӯшишҳои  Саъбагул Валиеваро бо чашми хушбин нигариста, кас дар ҳақиқат дармеёбад, ки зан  қувваи пешбарандаи ҷомеа мебошад.

Барои Саъбагул Валиева ва зани чун ӯ ибтикорманду босадоқат комёбиҳои бепоён ва нерӯи хастанопазир таманно дорем.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg