ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади баргузории корҳои тарғиботӣ ва фаҳмонидани чораҳои пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID-19, риояи гигиенаи шахсӣ, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ ва риоя кардани масофаи ҳамдигарӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Баҳор” бо иштироки фаъолони ҳизб ва волонтёрон Аксия таҳти унвони “Доим солим бимонед!”-ро роҳандозӣ намуд. Кормандони ҳизб зимни баргузории Аксия ба сокинони маҳалла ниқобҳои тиббӣ, маҳлулҳои антисептикӣ ва муроҷиатномаҳои ҲХДТ дар вилояти Хатлонро тақдим намуда, корҳои тарғиботиву фаҳмондадиҳӣ дар бораи нишонаҳои беморӣ, роҳҳои пешгирии он ба шаҳрвандон маълумотҳо дода, тавсияҳо доданд, ки баҳри ҳифзи саломатии худ ва атрофиён безарурат ва напӯшидани ниқобҳои тиббӣ ба кӯча набароянд, хусусан, калонсолон саломатии худро нигоҳ доранд.