БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ БУЗУРГРО ҚУВВАҲОИ БУЗУРГ АНҶОМ МЕДИҲАНД

АНДЕША. Вақт чун довари ҳақиқӣ ва як рӯй ҳамеша дуруст қазоват карда баҳо додааст. Бе ҳеҷ шакку шубҳае Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар савганди хеш содиқ монд. Барҳақин шахсиятти бузург тамоми қувва ва неруву ғайрати худро муҳимтар аз ҳама ҳастияшро барои ояндаи дурахшони Ватан ва пойдории сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва зиндагии пурсаодати мардуми шарифи Тоҷикистон сарф намудааст. Барҳақ ӯ миллатро аз парокандагӣ ва кишвари азизамонро аз вартаи нестӣ наҷот бахшид. Имрӯз ин марди хирад он ҳама заҳмату ҷонбозиҳояшро нодида гирифта, хоксорона ва бо ифтихор иброз медоранд, ки «Ин ҳама дастовардҳо пеш аз ҳама, хизмати бузурги мардуми солору сарбаланд ва хурду бузурги миллати тоҷик аст».

Бо ташаббус ва хиради азалии ин марди фарзона имрӯз тамоми кишварҳои дунё Тоҷикистони моро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию ягона мешиносанд ва медонанд, ки дар ин мулк таҳти сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардум зиндагии орому осоишта доранд. Ин аст, ки зимни як назарпурсии маркази таҳлилии амрикоӣ   «Gallир» байни 142 давлати дунё кишварҳоро раддабандӣ карда, Тоҷикистонро дар зинаи дуюми ҷадвали амнтарин кишварҳои олам ҷой додааст, ки ин барои мо бошандагони Тоҷикистон боиси хушҳолӣ ва сарфарозист.

Дар китоби Саҳеҳи Бухорӣ омадааст, мулке, ки  раъияташ, яъне мардумаш як шаб ором сар ба болин мегузорад, подшоҳи он мулк 68 сол тоату ибодаташ қабул аст. Худ қазоват кунед зиёда аз 25 сол аст, ки мо хотирҷамъ ва осуда хоби ором дорем. Пас месазад, ки имрӯз аз ҳарвақта дида тадбиқкунандаи сиёсати ин марди оқил ва ориф бошему дар бараш собитқадамона гом бардорем ва дӯсташ дорем.

Муҳаммад Ғазолӣ дар китоби  « Насиҳат – ул - мулук» овардааст: «Бидон ва огоҳ бош, ки Худованд аз бани Одам ду гурӯҳро баргузид. Ва ин ду гурӯҳро ба дигарон фазл ниҳод:  пайғамбарон ва дигаре шоҳонро. Подшоҳ ва ё султон сояи ҳайбати Худост дар рӯйи замин, яъне, ки бузург ва баргумоштаи Худо аст бар ҳалқи хеш. Пас ҳар киро Худованди муттаол дин додааст, бояд, ки мар подшоҳро дӯст дорад ва мутеъ бошад».

Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олӣ воқеан иҷлосияи таърихӣ буда, собит сохт, ки наҷоти ҳар як давлату миллат дар лаҳзаҳои ҳассосу фоҷеабор ба зуҳури шахсияти бузурги миллӣ вобастагии зич дорад. Вақт чун довари якрӯй ба хидматҳо, ҷонфидоиҳои бемислу бесобиқаи сарвари тозаинтихобгардида дар ин иҷлосия баҳои воқеӣ ва арзандаи хешро додааст ва медиҳад. Иҷлосияи 16 - уми Шӯрои Олӣ барҳақ иҷлосияи сарнавиштсоз, сароғози таърихи навини миллат буда, муҳимтар аз ҳама барои мо марди шуҷоъ, далеру дурандеш, дӯстдори миллату дилсӯзи Ватан ва симои таърихи ҷадиди тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба миён овард.

Муҳаммадалии Аҷамӣ дар ин маврид хеле моҳирона ин мисраъҳоро рӯйи авроқ овардааст:

Тоҷик дар ҳамин рӯз парвози дигар ёфт,

Дар осмони ҳастӣ шаҳбози дигар ёфт.

Бишнохт ҷавҳари худ, бикшод шаҳпари худ,

Тоҷик дар ҳамин рӯз оғози дигар ёфт.

Насли калонсол ва ҷавонону наврасони солҳои навадум тамоми он ҳодисоти нангин ва сангини ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро хуб ба ёд доранд. Аз ҷумла ман, ки он замон чор панҷ сола будам баъзе лаҳзаҳои нобасомонро бо нигоҳи беғаши кӯдакона ва ҳолати тарсу эҳсосот бо нигариста, каму беш дар хотир дорам:

- Мӯйсафедон дуои нек медоданд, кампиракон бо лаҳни кӯдакона ва навозишу меҳрубонӣ бо мо ҳарф мезаданд гӯё худ ва моро дилбардорӣ мекарданд. Дар роҳ ҳангоми ба деҳаи дигар ба хонаи бобою бибиам рафтан чанд постро мегузаштем, гоҳо бо роҳи калони мошингузар не, балки ба кӯчаю тангкӯчаҳои ноҳамвори деҳа ва даруни киштзорон тарсону ҳаросон гузашта мерафтем. Аз ҳар ҷониб садои тир ба гӯш мерасид, ки бузургсолон мегуфтанд ҳайф шуд хонаи касе боз  сӯхт. Шабҳои дарози бебарқии фасли зимистон, камбудӣ нон ва маводи хӯрока,чеҳраҳои ошуфта ва чашмони ашколуди атрофиёнро хуб дар хотир дорам.                                    

Дар шароити ҷонбозиҳо барои зистан бузург шудем ва имрӯз хушҳол ва сарфарозем, ки дар як кишвари зебою биҳиштосо афзалтар аз ҳама орому осоишта,  инсонвор зисту зиндагонӣ дорем.                                                      

Эй бародар, рӯзи сахти мо гузашт,

Он азоби бешумори мо гузашт.

Хушбахтона, дар партави сиёсати оқилона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати ҷумҳурӣ самтҳои стратегии мамлакатро муайян намуда, давра ба давра ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва аз бумбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ноил шудем.

Дар баробари рушди босуръати тамоми сохторҳои давлатдорӣ бо ташаббуси ин марди фарзона бузургдошти чеҳраҳои мондагори миллатамон  Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Носири Хусрав, Абӯалӣ ибни Сино, бузургдошти Имоми Аъзам, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Балхӣ ва Камоли Хуҷандӣ даҳҳо дигар дар сатҳи давлатию байналмилалӣ бо тантана ва шукӯҳи хос таҷлил гардиданд. Дар ин росто дуруст гуфтааст ҳакиме: «Бузург доштани бузургон аз бузургворист».

Барои мо мояи ифтихор аст, ки имрӯз тамоми шахсиятҳои фарҳанги бостон ва маъруфу саршиноси дунё дар ситоиши Пешвои тоҷикон тавсифҳо кардаанд: Владимир Путин Президенти Федератсияи Россия       - Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов  яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд.

Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон

- Истиқлолият ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов- ин сиёсатмадори дараҷаи ҷаҳониро дод. Имрӯз ӯ машҳуртарин фарзанди Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон ва дӯсти ҳақиқии Афғонистон аст.

Офтоби Асғар, профессор, устоди бахши форсии Донишгоҳи ховаршиносии Панҷоби Покистон

-Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ интизор буд ва умед мекашид, ки аз Мовароуннаҳр боз нафаре пайдо хоҳад шуд, ки тамоми форс - тоҷик - даризабононро аз нав дар Шарқ муттаҳид менамояд. Имрӯз ман мегӯям, ки он нафар Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст.

Ромин Фарҳангӣ, муассиси колеҷи байналмилалӣ, Испания-Мадрид

-Муҳтарам раисҷумҳури давлати ҳамзабони мо-Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фарди фавқулода аст ба миёни инсонҳо. Ӯро маҳз барои дифои кишвари таърихии Тоҷикистон Яздон фиристодааст, ки аз огоҳии таъриху фарҳанги кӯҳан, миёни форсизабонони ҷаҳон номашро вирди забонҳо кардааст.

Сзян Сземин, раиси вақти Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин

-Халқи Тоҷикистон бо сарварии Президент Эмомалӣ Раҳмон дилпурона ба ҳазораи сеюм қадам мегузорад. Кӯшишҳои Сарвари давлати тоҷикон барои мустаҳкам кардани ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиё ба ҳамагон маълум аст.

Расул Ғамзатов, шоири халқӣ, Қаҳрамони меҳнат

- фақат ҷанг набошад шуд, онгоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд - Президенти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад.

Кофи Аннан, собиқ муншии умумии Созмони Миллали Муттаҳид

- Президенти Тоҷикистон намунаи ибрати зӯроварӣ даст кашидани зиддияти дохилимиллиро нишон дод.

Кочерил Раман Нараянан, собиқ Президенти Ҳиндустон

- Моро кӯшишҳои хастанопазири Ҷаноби Олӣ, Президент Раҳмонов ҷиҳати барқарорсозии сулҳ, оштии миллӣ ва раванди созанда дар Тоҷикистон, ки ҷомеаи муосири озод месозад ба ҳайрат гузошт. Бовар дорем, ки ин кӯшишҳои халқи боистеъдод ва меҳандӯсти Тоҷикистон самараи нек хоҳад овард. Ин ҳама гувоҳ аз он аст, ки Сарвари давлати мо дар берун аз кишвар низ аз маҳбубияти хоса бархӯрдор мебошад. Ҳамчунин заҳматҳои бесобиқаи ӯро барои давлатсозию миллатсозӣ медонанду қадр мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон Президенти мардумӣ буда, ҳастӣ ва тору пудашро ба мардум бахшидааст. Ин аст, ки ӯ дар ҳар ҳолат ва вазъияти сангину хатарнок ҷони хешро дар хатар монда, аз наздик аз аҳволи мардум бохабар мешавад. Махсусан, дар ин шароити  паҳншавии вируси нави  «Сovid -19» бо сафарҳои корӣ озими як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар гардидан ва аз наздик аз бо мардум суҳбату вохӯриҳо анҷом доданду дар ин шароити пешомада дилбардору муттакои онҳо шуданд. Мардуми кишвари мо имрӯзҳо бо як руҳияи баланди ватандӯстона ва меҳанпарварона паҳлу ба паҳлу баҳри боз ҳам ободии Ватани азиз якдилона заҳмат кашида истодаанд, то санаи мубораку муқаддас, 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубро бо дастовардҳои назаррас истиқбол гиранд. Чун дар арафаи ин санаи сарнавиштсоз ва озодии миллат қарор дорем ба ҳамагон пеш аз ҳама истиқлолияти фитрӣ доштанро ба хотири мустаҳкамии Истиқлолияти давлатӣ хоҳонем, зеро ки имрӯз хоинону душманони миллату давлати соҳибистиқлоли мо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ақидаҳои бардурӯғи хешро паҳн намуда истодаанд. Агар ҳар яки мо истиқлоли фитрӣ ва донишу фаҳмиши мустаҳкам дошта бошем бар зидди андешаҳои бардурӯғи гурӯҳҳои ифротӣ ҷавобҳои дандоншикан дода метавонем.

Ҳаёт ва таҷрибаҳо собит намудаанд, ки нерӯву ҳизбҳои сиёсие, ки мавқеи устувор надоранд ва ё фаъолияташон аз манфиатҳои гурӯҳҳои ҷудогона  реша мегирад, ба зудӣ нуфузу эътибори худро аз даст дода, пароканда мешавад.

Пас, имрӯз моро зарур аст, ки аз ҳарвақта дида бештар ҳушёрии сиёсии хешро аз даст надода, зери сиёсати пешгирифтаи Пешвои маҳбуби миллат ва воқеан ҳам Президенти мардумӣ муттаҳид буда, татбиқ кунандаи ин сиёсат дар маҳал ва ҷои кору зисти худ бошем. Ба хотири он, ки мо як Ватан, як давлат ва як Роҳбари давлат дорем ва татбиқкунандаи як сиёсат ҳастем.

Холов Диловар,   узви гурӯҳҳи таҳлилии  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ                                                                          

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg