БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНОНИ ФАЪОЛИ ҲИЗБ ДАР ОБОДИИ МАМЛАКАТ САҲМИ АРЗАНДА ДОРАНД

АНДЕША. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаи таъмини занон дар меҳвари сиёсати давлатии худ қарор дода, баҳри амалӣ намудани он тайи солҳои соҳибистиқлолӣ зина ба зина чораҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст.

Имрӯзҳо занонро дар ҳамаи соҳаҳои мухталифи мамлакт дидан мумкин аст. Бахусус, дар рушди  иқтисодиёти кишвар нақши занон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ниҳоят арзишманд мебошад. Аз рӯзҳои аввали даврони соҳибистиқлолии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати кору рӯзгори занон бетараф набуданд. Маҳз бо назардошти ҳамин хусусиятҳо роҳбарияти давлат, бахусус Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи дастгирии фаъолнокии занон, боло бурдани мақому манзалати онҳо дар ҷомеа диққати ҷиддӣ медиҳад.

Яке аз занҳои роҳбар ва фаъоли ҳизбии шаҳри Кӯлоб Қурбонзода Наргис аз зумраи бонувони пешоҳангест, ки корнамоии қариб сисола дар риштаҳои иқтисоду молия дар дилу дидаи ҳамагон маъво гирифтааст. Дар ҷодаҳои пурмасъули хизматӣ ҳамеша талош меварзад, ки пешсаф бошад ва барои халқу миллат хизматеро анҷом диҳад.

Дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар ҳамчун як зани корозмуда фаъолона иштирок намуда, айни ҳол раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Омор"  ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб мебошад.

Қурбонзода Наргис яке аз занҳои фаъоли шаҳри Кӯлоб ба ҳисоб рафта, дар баробари анҷоми рисолати модарӣ, инчунин ба сифати роҳбари кордону ташаббускор, серталаб  ва ташкилотчӣ  дар вазифаҳои гуногуни давлативу ҷамъиятӣ,  аз ҷумла  дар рушди соҳаи иқтисодиёти шаҳри Кӯлоб саҳми босазо гузоштааст.

Ҳамин заҳматҳои пурсамар буд, ки ӯ бо даҳҳо Ифтихорнома ва Сипосномаҳои ҳизбиву давлатӣ қадршиносӣ гардидааст. 

Дар баробари ин ӯ ҳамчун вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб пайваста бо интихобкунандагон суҳбату вохӯриҳо гузаронида, кӯшиш менамояд, ки  дар ҳалли мушкилотҳои  мавҷудбудаи сатҳи маҳал дар доираи ваколатҳояш мусоидат намояд.

Ба уҳдаи зан-модар вазифаи муқаддас ва бағоят пурмасъулият ба дунё овардани фарзанд, тарбияи инсони комил ва дар ниҳоди вай ҷойгир намудани ахлоқи ҳамида, шафқат ва муҳаббат, эҳсоси ватанпарварию миллатдӯстӣ, қудрати созандагию офаридгорӣ меистад. Қурбонзода Наргис соҳиби чор фарзанд мебошад, ки онҳоро тарбия ва ба камол расондааст, ки онҳо дар риштаҳои гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқ кору фаъолият доранд.

Боварии комил дорем, ки минбаъд низ Қурбонзода Наргис ҳамчун зани фаъоли ҳизбиву давлатӣ дар амалишавии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар тарбияи кадрҳои баландихтисос ҳамаҷониба  саҳми босазои  худро мегузорад.

шаҳри Кӯлоб

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg