БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ГИГИЕНАИ ШАХСӢ ДАР ҶОЙҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ҲАТМИСТ

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ибтикори шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод  дар якҷоягӣ бо бахши кор бо ҷавонон ва варзиши   ноҳия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-и Ҷамоати деҳоти Боғгаӣ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии COVID-19 вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрии мазкур  намояндагони ҳизбӣ доир ба моҳияти  афзоиш ва паҳншавии  бемории сироятии коронавирус суханронӣ намуда, аз  ҳамагон даъват ба амал оварданд, ки  ба қолидаҳои беҳдошти саломатӣ,  аз ҷумла риояи гигиенаи шахсӣ, истифодаи пайвастаи маводҳои антисептикӣ  диққати ҷиддӣ диҳанд ва дар ҷойҳои  ҷамъиятӣ аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода баранд, то ин ки худ ва дигаронро аз ҳамагуна бемориҳои сироятӣ ҳифз намоянд. Инчунин, дар ин раванд дар бораи маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда  шуда,  иштирокдорон барои фаъолона ширкат намудан дар рӯзи интихобот раҳнамоӣ гардиданд.  

     

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg