ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аъзои гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант атрофи мавзӯи пешгирии бемории сироятии коронавирус, омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва самаранок истифодаи ҳар қитъа замин дар деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Гулистон вохӯрӣ доир намуданд.
Масъулин атрофи мавзӯҳои зикргардида андешаронӣ карда, бо мақсади расонидани кумак 125 адад ниқоби тиббӣ дастраси сокинон карданд.
Сокинон ин иқдоми ҳизбиёнро ба манфиати кор шуморида, миннатдории хешро иброз доштанд.