ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Як гурӯҳ ҷавонони боазму иродаи шаҳри Левакант, ки омодагии худро баҳри хизмат намудан ба халқу Ватан изҳор доштанд, ба курси кӯтоҳмуддати ронандагӣ фаро гирифта шуда, қоидаҳои ронандагиро дар роҳ аз худ карда истодаанд.
Гулшан Ғуломова яке аз масъулини Кумитаи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар шаҳри Левакант дар суҳбат изҳор дошт, ки ин иқдом аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант баҳри ҳавасмандии бештари ихтиёриёне, ки бо хоҳиши худ азми хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, амалӣ шуда истодааст, ки дар ин самт тадбири муҳим ба шумор меравад.