Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
АНДЕША. Бале, ҳар як тоҷик ва тоҷикистонӣ ин маъниро дар вуҷуди хеш ҳис намудааст. Истиқлолияте, ки барои мо бо ҷоннисориҳои зиёд ба даст омад. Баъзе қувваҳои иртиҷоӣ бо мақсади манфиатҳои худ мардумро ба шӯр оварда, ба майдонҳо кашиданд ва оқибат халқро аз Ватан дур сохтанд, садҳо деҳаҳо вайрону валангор ва ҳазорҳо кӯдакон ятиму бесарпараст монданд. Ҳаёти мардум дар ғарибиҳо дур аз Ватан бо мушкилӣ ва азобу шиканҷаҳои зиёд мегузашт ва азоби аз ҳама сахттар ин ёди Ватан ва дур аз он буд.
Эй бародар туҳмату таҳқир бас,
Вар-на баҳри қатли ман як тир бас.
Ранҷу дарди бешуморе дидаам,
Имтиҳону силии тақдир бас.
Бо нигоҳи меҳр бояд ҳарф гуфт,
Қилу қолу ханҷару шамшер бас.
Тоҷикистон то шавад обод боз,
Як дуои хайр хоҳи пир бас.
Оқибат ақли солим кор кард ва бо фазли Яздони пок ҳарду ҷониб ба иттиҳод омаданд, ки дар ин ҷода кӯшишҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоятт бузург аст. Дар ҳақиқат хизматҳои ин шахси оқилу кордон такрорнашаванда мебошанд.
Бесабаб нест, ки дар сифаташ гуфтаанд:
Сарҷамъ ҳама кардиву бахшиди амонӣ,
Дунёи адолат туи Исмоили сонӣ.
Бо кӯшишҳои шабонарӯзии халқи парешонгашта бозпас ба Ватан баргашта бо ғайрату ҳиммат харобаҳо обод шуданд ва зиндагии осудаҳолона ба маҷрои худ даромад.
Шукри поки номи одам мекунам,
Шукрҳо бар бешу бар кам мекунам.
Мекунам шукронаи ҳар некном,
Пеши модар меравам баҳри салом.
Шукри доду шукри нододи Худо,
Шукри барфу шукри борону само.
Шукри Худо бо Сарварии Пешвои муаззами миллат, Тоҷикистон рӯз аз рӯз обод ва зебо шуда истодааст. Мардум дар фазои сулҳу суботи дӯстӣ озодона зиндагӣ доранд. Умед аст, ки Тоҷикистони азизамон зери сиёсати пешгирифтаи ин марди оқилу шуҷо аз ин ҳам дида ободтару зеботар мегардад.
Замонов Азиз, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз