АНДЕША. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббус ва дар асоси ғояҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 декабри соли 1994 таъсис ёфт. Бояд гуфт, ки дар давоми 26 соли фаъолияти хеш Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти рушди иҷтимоию иқтисодӣ, пешрафту ободии кишвар, беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ва оромии кишвар, боварию эътимоди мардум ба фардои дурахшони Ватан қавитар мешуд.
Имрӯз ҳар фарди ватандӯст ифтихор аз давлати соҳибистиқлоли худ дорад. Мутобиқи моддаи 55 - и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул кард ва Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.10.2020, таъин карда шуд.
Ман барои ояндаи Тоҷикистон овоз хоҳам дод.
Бо ифтихор метавон зикр кард, ки Анҷумани Х1V – уми ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ба хотири ояндаи оромии ҷомеаи башарӣ, номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро якдилона ҷонибдорӣ намудем.
Аз ин рӯ бо омадагии пухта ва дар сатҳи баланди сиёсӣ, ташкил ва гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсии дар пеш истода вазифаи аввалиндараҷа ва ҷонии ҳар як фаъоли ҷомеа мебошад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, Ватан ва мардуми азияткашидаи моро аз вартаи нобудшавӣ наҷот дода, Ватанамонро обод, истиқлолиятамон пойдор, ваҳдатамон комил ва давлатамонро мустаҳкам гардонад.
Албатта ин ҳама ба осонӣ ба даст наомад.
Бо як ҷаҳон таассуроти нек бо боварии комил Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, тамоми нерӯи созандаи худро бобати ҳифзу ҳимоя, пешрафту гулгулшукуфоии Тоҷикистони азизамон сафарбар хоҳем кард.
ВОҲИДЗОДА Дилафрӯз Сафар, муовини раис- мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара