БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АНҶУМАНИ XIV – УМИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН - НАҚШИ ОН ДАР ПЕШРАФТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АНДЕША. Тавре, ки огаҳӣ ва шоҳид гардидем рӯзи 03.09.2020, Анҷумани ХIV - уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар “Кохи Борбад” баргузор гардид, ки дар он Анҷуман аз тамоми қаламрави ҷумҳурӣ 1014 – нафар вакилон иштирок доштанд ва барои кори Анҷуман имконияти хубе фароҳам овард. Аз ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ намояндагони касбу кори гуногун вакилон иштирок намуданд.

Гарчанде Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон иштирок надошта бошанд ҳам, иштирокдорон бо як самимияти беандоза ва меҳру муҳаббати содиқона баробари пешниҳод намудани номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли нишастро ба ваҷъ оварда, бо кафкӯбиҳои бардавом  ва бардоштани шиору овезаҳои ҳизбӣ ва акси номзад пуштибонӣ намуданд.

Вакилон  бо навбат ба сухан  баромада, ҳар яки онҳо дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро пеши назар оварда, дар он хизматҳои шоёну арзандаи  фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қайд намуда, арзандатарин номзад ба мансаби Президентӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳисобиданд.  Хулоса бояд қайд намуд, ки имрӯз аз Пешвои миллат дида, арзандатарин шахс ба ин мансаби Президентӣ дар ҷумҳурӣ нест, зеро он ҳадафу мақсадҳои барномавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳибистиқлол гардидани кишвар дар ҳама самтҳои иқтисодию иҷтимоӣ, энергетикӣ, саноатӣ, коммуникатсияву транзистӣ, илму маориф, тандурустӣ ва ғайраҳо расонидани мамлакат наздик овардаанду таввасути ҳадафи навбатии Стратегии кишвар индустриаликунонии босуръати мамлакат то солҳои 30 - юми қарни ХХI моро водор месозад, ки атрофи ин марди нексиришт муттаҳид шуда, баҳри расидан ба истиқлолияти комил камари ҳиммат баста кору пайкор намоем.

Каримзода Пирмуҳаммад Авғон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg