БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИЗҲОРОТ БА НАВИШТАИ РАҲМАТУЛЛО ЗОИРОВ

ВОКУНИШ. Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар саҳифаи иҷтимоии “фейсбук” андешаи худро роҷеъ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли 2020 баргузор мегардад, баён намудааст. Ва ҳар чи, ки хостааст онро қайд намудааст. Ин дар ҳолест, ки дигар ҳизбҳои сиёсии кишвар алакай номзадони худро ба интихоботи навбатӣ пешниҳод намудаанд.

Ман ҳамчун хонанда ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматулло Зоиров гуфтаниям, ки дар ин маърака ӯро зарур мебояд, ки номзади худро пешниҳод кунаду ҳангоматалабиро як тараф гузорад. Ӯ ҳамчун роҳбари  ҳизби сиёсии фаъол бояд дар интихобот номзадиашро пешниҳод кунаду корҳои таблиғотиро пеш барад. Ман худ дар сатҳи маҳал зиндагӣ мекунаму то ҳол ягон маротиба   Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро надидаам, ки вохӯрӣ анҷом дода бошад. Ӯ дар навбати аввал тарафдор бояд дошта бошад. Баъдан дар дилу дидаи мардум ҷойе дошта бошад, баъдан метавонад ҳангоматалабӣ  кунад.

Вақте ки нафаре, ки шуҳрат миёни мардум надораду даъво барои манфиатҳои шахсии худ мекунад, ӯ  маълум аст, ки мақсадаш аз чӣ иборат аст?.

Ман бори дигар қайд менамоям, ки имрӯз дигар ҳизбҳои сиёсӣ аз фаъол будани худ дарак медиҳанду миёни мардум кор мебаранд. Маҳз чунин фаъолнокии онҳо мавқеи онҳоро дар интихоботҳои сиёсӣ муайян менамояд.

Иботов Диловар,  сокини ноҳияи Восеъ

 

Дар ҳолатҳои ҳассос душманони мо бештар худро мунаққид мегиранду аммо дасти кумак намекунанд.

Вақте ки кишвари азизи мо ба мушкилоте дучор мешавад, ҳатман душманони мардуми Тоҷикистон аз хориҷи кишвар тариқи сомонаҳои иттилоотии худ маводҳои зиёдеро навишта Ҳукумати Тоҷикистонро гунаҳкор карданӣ мешаванд, ҳоло он ки худи онҳо барои ёрдам ё дастгирие ба қадри муйе нисбати зодгоҳи худ чорае на андешидаанд. Мунақидон дар доираи супоришҳои хоҷагони хориҷиашон аз кӯчактарин масъалаҳо фоҷиа тарошида худро пуштибони мардум мегиранд. Вале мардум худаш медонад, ки дар шароити вазнин дар бари онҳо ки меистаду ки кумак мекунад.  Аз ин ру ин душманон аз паҳншавии бемории “коронавирус” мавзухои зиёде барои худ ҷамъ карда фикрҳои ғаразноки худро пешниҳод кардани мешавад. Ҳамагон медонад, ки ин бемории нав ҷаҳонро ба ташвиш андохта зиён ба иқтисодиёти кишварҳои абарқудрат расонидааст.

Ман боварии комил дорам, ки шаҳрвандони кишвари азизи мо дар ин вақти ҳасоси таърихи дар хонаҳои худ нишаста баҳри пешгирии бемории мазкур чораҳо андешида ба душманони мардуми Тоҷикистон диққат намедиҳанд.

Иботов Д., сокини н.Восеъ

 

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg