ФАРХОР. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар деҳаи Тоҷикистон 2-и ҷамаоти деҳоти Ғайрати ноҳияи Фархор бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ вохӯрӣ доир гардид.
Маҷлисро бо сухани ифтитоҳӣ муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Шаҳбози Искандар кушода, ба ҳозирин моҳияти суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар, нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҳамчунин, оид ба хатарҳои терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои ифротӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ суханронӣ намуда, аз ҷамъомадагон барои дасти кӯмак дароз намудан ба шахсони эҳтиёҷманду маъюб, ятимону барҷомондагон ба корҳои хайру сахо дар арафаи моҳи шарифи Рамазон даъват ба амал оварданд.